Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Беларус беш аз 1200 эътирозгар боздошт шуд


15-уми ноябр, Минск
15-уми ноябр, Минск

Полиси Беларус дар ҷараёни намоишҳои эътирозии рӯзи 15-уми ноябр, ки бо талаби истеъфои Александр Лукашенко ва даъвати интихоботи нав барпо шуд, дар саросари ин кишвар беш аз 1200 нафарро боздошт кард. Дар шаҳри Минск, ки ба гуфтаи маркази ҳуқуқи башари “Весна” қисми асосии боздоштҳо он ҷо сурат гирифтааст, полис ба хотири пароканда кардани эътирозгарон аз гази ашковар ва норинҷакҳо истифода кард. Ду нафар дар дохили як фурӯшгоҳ аз ҷониби амниятиҳои ниқобпӯш латукӯб шуданд. Анҷумани журналистони Беларус гуфт, ки дар миёни 18 журналисти боздоштшуда инчунин чор хабарнигори Радиои Озодӣ ҳам мебошанд. Рӯзи якшанбе мардум инчунин барои гиромидошти хотири Роман Бондаренкои 31-сола ҳам ба хиёбонҳо рехта буданд, чун бовар меравад, ки ин эътирозгари режими Лукашенко аз латукӯби амниятиҳо ҷон додааст. Дар забони эътирозгарон охирин ҳарфҳои Бондаренко, яъне “Ман мебароям!” ва талаби “Лукашенко! Трибунал!” садо медод. Мақомот субҳи якшанбе дастрасӣ ба интернети мобилиро қатъ карда, ҳаракати метроро масдуд карданд. Боздоштҳо дар шаҳрҳои хурди дигари Ҳомел, Гродно, Магилев ва дигарҳо ҳам сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG