Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп шикастро эътироф кард, вале...


Акси Доналд Трамп аз рӯзи 7-уми ноябр аст. Ӯ то кунун расман шикаст дар интихоботро эътироф накардааст. Дар Амрико умдатан пас аз шикаст дар интихобот, номзади шикастхӯрда ба рақибаш занг мезанад ва ӯро табрик мекунад.
Акси Доналд Трамп аз рӯзи 7-уми ноябр аст. Ӯ то кунун расман шикаст дар интихоботро эътироф накардааст. Дар Амрико умдатан пас аз шикаст дар интихобот, номзади шикастхӯрда ба рақибаш занг мезанад ва ӯро табрик мекунад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе эътироф кард, ки дар интихоботи рӯзи 3-уми ноябр рақибаш аз Ҳизби демократ Ҷо Байден пирӯз шудааст, вале айни замон гуфт, ки пирӯзии ӯ ба «шарофати тақаллубкорӣ муяссар шудааст.»

Доналд Трамп рӯзи 15-уми ноябр дар Твиттер навишт: «Ӯ барои он пирӯз шуд, ки интихобот тақаллубӣ буд». Иддаоҳои Трамп дар бораи қонуншиканӣ то кунун на дар додгоҳ собит шудааст ва на дар таҳқиқоти дигаре. Бо вуҷуди ин Доналд Трамп, бо такя ба асосҳои қонунии гуногун, аз натиҷаҳои интихобот дар чанде аз иёлатҳои Амрико ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Дар ин иёлатҳо ӯ бо орои каме аз Ҷо Байден ақиб мемонад. Чанд соат баъд аз навиштаи аввалаш Доналд Трамп дигарбора ба дар Твиттер навишт, ки «Ӯ фақат дар дар чашми матбуоти дурӯғгу пирӯз шуд. Ман шикастеро эътироф накардаам.»

Доналд Трамп навиштан дар Твиттерро идома дод ва гуфт, ки худаш дар интихобот пирӯз шудааст ва дигарбора иддао кард, ин корзор одилона набуд. Дар Амрико ҳануз натиҷаҳои расмии интихоботро эълон накардаанд, вале бар асоси арзёбиҳои расонаҳои Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден 306 раъй ва Доналд Трамп 232 раъйи ҳайатҳои интихоботиро ба даст овардааст.

Барои раиси ҷумҳур шудан 270 раъйи ҳайатҳои интихоботӣ кофист. Пештар аз ин навиштаҳои Трамп даҳҳо ҳазор нафар аз тарафдорони ӯ дар шаҳри Вашингтон ба зидди натиҷаҳои интихобот эътироз карданд. Теъдоде аз онҳо бо маъмурони пулис бархӯрд карданд ва 20 нафар дастгир шуд.

XS
SM
MD
LG