Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз СOVID-19 муолиҷа мегирифтанд, дар сӯхтор ҷон доданд


Шифохона рӯзи 14-уми ноябр оташ гирифтааст.

Дар Руминия дар натиҷаи оташ гирифтани як шифохонае, ки онҷо гирифторони COVID-19-ро муолиҷа мекарданд, 10 нафар ба ҳалокат расидаанд ва чандин нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Руминия гуфт, фалокат рӯзи 14-уми ноябр рух додааст ва оташ шуъбаи эҳёгарии шифохонаи Пиатра Неамт дар шимолушарқи кишварро фаро гирифтааст. Бахши руминии Радиои Озодӣ мегӯяд, бемороне ҷон додаанд, ки зери дастгоҳи нафасдиҳӣ мехобиданд.

Ҳангоми наҷот додани беморон чиҳил дар сади бадани як табиб сӯхтааст ва уро бояд барои муолиҷа ба пойтахт шаҳри Бухарест мебурданд. Нелу Татару, вазири тандурустии Руминия гуфт, ки шаш гирифтори COVID-19-ро ки осеб надидаанд, барои идомаи табобат ба бемористони шаҳри Иасӣ дар шарқи кишвар мебаранд. Татару афзуд, ба эҳтимоли ғолиб, “ба ҳам расидани ноқилҳои барқӣ сабаби оташсӯзӣ шудааст.”

Фоҷиаи аз ин бадтар дар соли 2015 дар Руминия оташ гирифтани як клуби шабона буд. Дар он фалокат 65 нафар сӯхтаву ҷон доданд.

XS
SM
MD
LG