Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Молдова даври дуввуми интихоботи президентӣ идома дорад


Даври аввали интихобот рӯзи 1-уми ноябр буд.
Даври аввали интихобот рӯзи 1-уми ноябр буд.

Дар Молдова даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад, ки дар он ду рақиб, яке ғарбгаро ва дуввумӣ тарафдори Русия ширкат доранд. Кумиссиёни марказии интихобот гуфт, ки 2 ҳазор маркази ройдиҳӣ дар кишвар ва хориҷ дарҳои худро ба рӯи мардум боз карданд.

Интихоботи президентӣ як марҳилаи дигаре дар муборизаҳо барои таъйин кардани сиёсати ояндаи Молдова аст, ки ба Иттиҳоди Аврупо наздиктар шавад ва ё ҳамчунон дар мадори Русия бимонад. Рақобат байни Игор Додон, раиси ҷумҳури феълӣ ва Мая Санду, иқтисоддони собиқи Бонки Ҷаҳонӣ идома дорад, ки ғайриинтизор дар даври аввали интихобот дар рӯзи 1-уми ноябр пирӯз шуд.

Игор Додон дар интихоботи соли 2016 назар ба Мая Санду 5 дар сад орои бештар ба даст овард, ҳарчанд гуфтаанд, ки интихобот бо тақаллуб олуда буд. Ин дафъа Мая Санду орои бештари мардумро соҳиб шуд, вале теъдоди овозҳо камтар аз 50 дар сади лозим барои пирӯзӣ буд. Нозирони ғарбӣ аз шеваи баргузории даври аввали интихобот ситоиш кардаанд.

XS
SM
MD
LG