Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Белорус зиёда аз 1000 тазоҳургарро дастгир кардаанд


Тазоҳурот дар Минск, Гомел, Ҳродно сурат гирифт.
Тазоҳурот дар Минск, Гомел, Ҳродно сурат гирифт.

Маъмурони пулис дар Белорус без аз 1000 тазоҳургареро дастгир карданд, ки рӯзи 15-уми ноябр бо талаби истеъфои Александр Лукашенко ба хиёбонҳои Минск рехтанд.

Дар ин рӯз ҳазорон нафар дар назди метрои Пушкинская раҳпаймоӣ карданд ва пулис барои пароканда кардани гуруҳе аз онҳо гази ашковар ва бомбҳои гиҷкунанда ба кор бурд. Тазоҳургарон парчамҳои сафеду сурх доштанд, ки рамзи мухолифони давлат дар Белорус аст. Онҳо шиорҳои меҳанпарастона медоданд ва фарёд мезаданд, ки Лукашенко ба додгоҳ кашида шавад.

Интернети мобилӣ дар Белорус кор намекард ва чанде аз истгоҳҳои метрои Минскро бастанд. Тазоҳурот ба зидди Лукашенко дар шаҳрҳои дигари Белорус ба мисли Гомел ва Ҳродно сурат гирифта ва дар ин ду шаҳр низ маъмурони пулис чандин тазоҳургарро дастгир кардаанд.

Александр Лукашенко, ки 26 сол боз Белорусро раҳбарӣ мекунад, баъд аз интихоботи моҳи август тақрибан ҳар руз шоҳиди тазоҳурот бо талаби истеъфояш мешавад. Мухолифони давлат дар Белорус мегӯянд, ки дар интихоботи рӯзи 9-уми август тақаллубкорӣ шудааст. Кишварҳои ғарбӣ натиҷаҳои интихоботро эътироф накардаанд ва аз тарафи дигар Русия ба Лукашенко дар муқовиматаш бо мухолифону тазоҳургарон кумак мекунад.

XS
SM
MD
LG