Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео сафари ҳафтрӯзаашро ба Аврупо ва Ховари Миёна оғоз кард


Майк Помпео
Майк Помпео

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, сафари ҳафтрӯзаашро ба Аврупо ва Ховари Миёна оғоз кард. Помпео аз Фаронса, Туркия, Гурҷистон, Исроил, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб дидан мекунад. Ин сафарҳои Помпео дар ҳоле сурат мегиранд, ки худаш ва бисёре аз аъзои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ шикасти раиси ҷумҳур Доналд Трампро дар баробари Ҷо Байден аз Ҳизби Демократ напазируфтаанд. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико рӯзи 3-юми ноябр баргузор шуд. Помпео сафарашро рӯзи ҷумъа бо дидор аз Париж оғоз кард.

XS
SM
MD
LG