Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо аз таҳримҳои нав ба зидди Белорус ҳушдор дод


Роман Бондаренкои 31-сола дар натиҷаи саркӯби эътирозҳо дар Белорус ҷон бохт
Роман Бондаренкои 31-сола дар натиҷаи саркӯби эътирозҳо дар Белорус ҷон бохт

Иттиҳоди Аврупо ҳушдор дод, ки ба зидди Белорус таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад. Сухангӯи Иттиҳод рӯзи 13-уми ноябр гуфт, то ин дам барои бархӯрди хушунатомез бо эътирозгарон дар Белорус 55 нафар таҳрим шудаанд. Иқдоми нави Аврупо дар ҳоле эълон мешавад, ки ҷавони 31-сола Роман Бондаренко дар натиҷаи саркӯби эътирозҳо дар Белорус ҷон бохт. Иттиҳоди Аврупо марги ӯро натиҷаи шармовари иқдоми мансабдорони Белорус дар баробари мардум донист. Эътирозҳо дар пайи он дар Белорус оғоз шуд, ки Кумисюни марказии интихоботи он кишвар Александр Лукашенкоро барандаи интихоботи моҳи август донист. Эътирозгарон мегӯянд, дар интихобот тақаллуби густарда сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG