Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба талабот ҷавобгӯ нестанд"? Баъди барканории Хосият Ортиқова, чанд зани рубобнавозро аз "Чаман" рондаанд


Хосият Ортиқова (Хосияти Зарафшонӣ)
Хосият Ортиқова (Хосияти Зарафшонӣ)

Барканории Хосият Ортиқова, овозхони шинохтаи тоҷик, аз раёсати ансамбли "Чаман" ва рондани якбора чанд зани рубобнавоз аз ин гуруҳи зери итоати Филармонияи давлатии Тоҷикистон нигаронии онҳоро ба бор овардааст.

Ортиқова рӯзи 13-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро ҳамчун бознишаста (нафақахӯр) аз кор гирифтанд, "ҳарчанд зарфияти кор карданро дошту дорад".

Чанд зани рубобнавоз ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳоро дар пайи аттестатсия ё санҷиши дохилӣ аз кор озод кардаанд. Санҷише, ки бо натиҷааш розӣ нестанд. "800-900 сомонӣ маош мегирифтем ва то замони бознишаста шудан фурсати кам монда буд. Тасмими аз кор рондани мо нодуруст аст", -- гуфт яке аз онҳо.

Ҷамшед Эргашев, муовини аввали мудири Филармонияи давлатӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, занони рубобнавоз "бо далели ҷавобгӯ набудани сатҳи касбияташон ба талабот" аз кор ронда шудаанд.

Ӯ афзуд: "Гап дар бораи касбият меравад. Сатҳи касбияташон ба ҳамон ансамбл ҷавобгӯй нест.” Ба қавли Ҷамшед Эргашев, моҳи январи соли оянда барои кор дар ансамбли “Чаман” озмун баргузор мешавад ва рубобнавозони барканоршуда имкони ширкат дар озмунро доранд.

Ин дар ҳолест, ки Шодигул Макубова, яке аз занони рубобнавоз ба Радиои Озодӣ гуфт, агар сатҳи касбияташон ба талабот ҷавобгӯй набуд, “чӣ гуна беш аз 30 сол дар ин ансамбл кор карданд?”

Ба ин пурсиш Ҷамшед Эргашов, муовини аввали мудири Филармонияи давлатӣ натавонист посух диҳад. Ӯ танҳо гуфт, “имрӯз касбият бояд баланд бошад.”

Шодигул Макубова таъкид кард, ки ҳамагӣ 14 зани рубобнавоз дар ансамбл кор мекарданд ва ҳудуди нӯҳ нафари онҳо озод шудаанд. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, “ҳангоми аттестатсия дар баробари иҷрои ҳунарнамоӣ, аз занони рубобнавоз дар бораи Конститутсияи Тоҷикистон ва муқаддасоти дигари миллӣ низ пурсиданд”.

Чанде аз кормандони барканоршудаи ансамбли “Чаман” гуфтанд, дар гузашта аз санҷишҳои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузаштаанд, вале ин навбат натиҷаи санҷиши дохилии Филармония онҳоро дар ҳайрат гузошт. Яке аз рубобнавозон рӯзи 13-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “азбаски синни мо ба нафақа наздик шудааст, барои ҳамин, моро ҷавоб доданд ва гуфтанд, ба ҷойи мо занҳои ҷавонро ба кор мегиранд”.

Чунин иддаоро дар Филармония рад карда, гуфтанд, бар асоси қонун ҳақ доранд, санҷиши дохилӣ гузаронанд ва шахсони “ғайрикасбӣ”-ро аз кор ронанд.

Ҳарчанд масъулони Филармония мегӯянд, санҷиш бо ҷалби ҳунармандони касбӣ шаффоф доир шудааст, афроди огоҳ аз ҳунари занони рубобнавоз шаффофияти онро зери шубҳа қарор доданд.

Як мусоҳиби мо, ки таҷрибаи кор дар Филармонияи давлатии Тоҷикистонро дорад, бе зикри номаш гуфт, “онҳо дар чанд маърака ба таври касбӣ ҳунарнамоӣ карданд. Барои ҳамин, якбора аз кор гирифтани онҳо, фикр намекунам, ба касбияташон рабт дошта бошад.”

“Чаман” яке аз гуруҳҳои шинохта дар Тоҷикистон буда, ба оғози кораш беш аз 80 сол пур мешавад. Ин ансамбл дар тобеияти Филармонияи давлатии Тоҷикистон аст.

Дар гузашта низ кормандони баъзе аз идораҳо аз шеваи санҷиш ва барканории онҳо шикоят кардаанд. Мақомот ҳамвора ба ҳақ будани худ ва шаффофу одилона будани санҷишҳо пойфишорӣ мекунанд, ҳамон тавр ки кормандон ба сатҳи баланди касбӣ ва фаъолияти хуби худ.

XS
SM
MD
LG