Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзои Салимпур: "Ахбор" фаъолияташро қатъ мекунад


Мирзои Салимпур
Мирзои Салимпур

Сардабири сомонаи "Ахбор" гуфт, тасмим гирифтааст, ки фаъолияти ин пойгоҳи мустақили хабариро қатъ кунад, аммо афзудааст, "моро на ягон буҳрон, ё камбуди мавзӯъ ва хонанда, балки як ҳукми беасос маҷбур ба тарки майдон кард." Сомонаи "Ахбор" чаҳор сол пеш дар Прага ба кор оғоз карда буд.

Мирзои Салимпур 13-уми ноябр дар изҳороте гуфт, баъд аз қарори, ба қавли ӯ, беасоси Додгоҳи олӣ дар моҳи феврали имсол, ки "Ахбор"-ро ба рӯйхати сомонаҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ворид кард, "дар фаъолияти сомона мушкилоти зиёди ҳуқуқиро ба бор овард."

"Бар асоси ин қарори беасос, мутаассифона, хабарнигорон наметавонанд ба таври озодона ва бо зикри ном ба "Ахбор" гузориш фиристанд, коршиносон ба мо озодона изҳори назар кунанд ва ҳамин тавр, мақомоти расмии Тоҷикистон низ ҳаққи озодона бо "Ахбор" суҳбат кардан ва посух додан ба пурсишҳои моро надоранд, чунки онҳоро метавонанд ба ҳамкорӣ бо нашрияи мамнӯъ гунаҳкор кунанд", -- шарҳ додааст ӯ.

Салимпур гуфт, азбаски як расонаи комил наметавонад дар чунин шароити маҳдуд ва пур аз монеа фаъолияти комили худро ба роҳ биандозад, маҷбур шудаанд, ба қатъи фаъолияти "Ахбор" иқдом кунанд.

Вай айни замон афзудааст, "шояд ба ҷои "Ахбор" ба зудӣ аз сифр як сомонаи нав ба роҳ биандозем ва бо таҷрибае, ки дар ин 4 соли фаъолияти “Ахбор” андӯхтем, кӯшиш кунем, ки барои ҷиноҳи саркӯбгар дар батни мақомоти Тоҷикистон ин бор баҳонае барои дигарбора масдуд кардани дастрасӣ ба ин сомонаи навро надиҳем."

Ба қавли ӯ, сомонаи наве, ки нақшаи сохтанаш дар дасташон ҳаст, "низ як сомонаи мустақил, беғараз ва бетараф хоҳад шуд" ва кӯшиш мекунанд хабару таҳаввулоти Тоҷикистонро аз мавқеи мустақилият, беғаразӣ ва бетарафӣ пайгирӣ кунанд.

"Мояи ифтихори мо ин ҳам ҳаст, ки сомонаи "Ахбор" дар айни авҷи шуҳрату маҳбубияташ, дар ҳоле ки шумораи хонандагонаш рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш аст, тарки майдон мекунад. Барои ин ба якояки хонандагони азизу содиқи “Ахбор”, ки тӯли ин 4 сол бо буданд ва моро бо ҳамроҳии худ ташвиқ мекарданд, изҳори сипос мекунем!", -- гуфтааст Мирзои Салимпур.

Сомонаи "Ахбор" моҳи ноябри соли 2016 дар маркази Ҷумҳурии Чех ба кор оғоз карда, хабарҳои марбут ба Тоҷикистону минтақаро бе парда бозтоб медод. Ин пойгоҳи муҳими хабарӣ беш аз ду сол боз дар Тоҷикистон дастнорас аст.

Бар илова, намояндагони Додситонии кулл тобистони имсол аз наздиконаш дар Тоҷикистон хоста буданд, ки дар таҳияи хабару гузориш бо ӯ ҳамкорӣ накунанд ва маблағе, ки мефиристад, нагиранд. Талабе, ки Мирзои Салимпур онро "фишору таъқиби ноҷавонмардона" номид ва хост, пеши роҳи ин "амалҳои зиддиқонунӣ" гирифта шавад.

Мирзои Салимпур хабарнигори шинохтаи тоҷик фаъолияти сомонаи "Ахбор"-ро ба танҳоӣ пеш мебурд. Вай аз соли 2000 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ва аз соли 2002 то 2016 дар маркази Радиои Озодӣ дар Прага кор кардааст.

Соли 1990 риштаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дар нашрияҳои "Ҷавонони Тоҷикистон" ва "Чароғи рӯз" фаъолият дошт. Барандаи ҷоизаи Ҳелман Ҳаммет дар соли 1995 аст.

Қатъи фаъолияти “Ахбор” дар ҳолест, ки солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён танқид мекунанд. Чанде аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо бо нигаронӣ аз афзоиши фишор ба хабарнигорон гуфтаанд, ҳукумати Тоҷикистон бояд барои фаъолияти озоди рӯзноманигорон шароит фароҳам орад.

XS
SM
MD
LG