Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ ба хешони Мирзои Салимпур: "Пул фиристад, нагиред"


Муассис ва сардабири Аkbor.com, Мирзои Салимпур
Муассис ва сардабири Аkbor.com, Мирзои Салимпур

Додситонии кулли Тоҷикистон аз наздикони журналисти шинохта Мирзои Салимпур хостааст, дар таҳияи хабару гузориш бо ӯ ҳамкорӣ накунанд ва маблағе, ки мефиристад, нагиранд. Намояндаи ин ниҳод гуфтааст, сомонаи Akhbor.com, ки Салимпур муассис ва сардабири он аст, бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон манъ шудааст ва ҳамкорӣ бо он мумкин нест. Наздикони Салимпур, ки барои як суҳбат рӯзи 3 июл ба Додситонии кулли Тоҷикистон даъват шудаанд, мегӯянд, ҳушдорро пазируфтаанд.

Мансур Ғанизода, муфаттиши Додситонии кулли Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ баргузории ин суҳбатро тасдиқ ё рад накард, вале ризоият дод, ки метавонад дар ин бора ҳузурӣ гуфтугӯ кунад. Аммо вақте ки хабарнигор ба идорааш омад, аз суҳбат худдорӣ намуд ва хост, суолҳо ба таври хаттӣ пешниҳод шаванд.

Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба Додситонии кулли Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 6 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, мақсад аз даъвати хешовандони Мирзои Салимпур, "аниқ кардани чанд маълумот ва огоҳ кардани онҳо буд, ки барои сомонаи Akhbor.com хабар ё аксу навор нафиристанд ва аз ӯ пул нагиранд".

Ду тан аз наздикони Мирзои Салимпур, ҳамсарони бародаронаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ зарур нашумурданд, ки номашон зикр шавад, аммо даъват шуданашонро ба Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ карданд.

Яке аз онҳо гуфт, то расидан ба бинои додситонӣ сахт дар изтироб буд ва дувумӣ афзуд: "Муфаттиш бидуни тарс додан ва ё фишор ором суҳбат кард ва нахуст пурсид, ки падару модари Салимпур куҷо ҳастанд мо гуфтем, ки ҳарду фавтидаанд. Боз пурсиданд, ки аз кадом беморӣ гуфтем, ки падараш аз бемории қалб ва модараш аз фишор гузаштанд. Баъд пурсиданд, ки фарзандону ҳамсари Салимпур чӣ кор мекунанд мо гуфтем, ки онҳо дар хориҷи Тоҷикистонанд ва ҳамсараш хонанишин аст. Боз суол доданд, ки Салимпур кай ба Тоҷикистон омада буд гуфтем, ки охирин бор соли 2013 омада буд ва дигар наомадааст. Баъд гуфтанд, ки бо вай робита накунед, пул ҳам ки фиристад нагиред ва ба хоҳаронаш ҳам ҳаминро расонед. Мо ҳамон рӯз ба хонаҳоямон баргаштем" -- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Мирзои Салимпур як рӯз баъд аз даъвати наздиконаш ба додситонӣ, рӯзи 4 июл ба унвони раиси Дастгоҳи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон ва ба ёрдамчии президенти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода номаи саркушода мунташир намуда, ҳодисаро "фишору таъқиби ноҷавонмардонаи хешовандонаш" номид ва талаб кард, пеши роҳи ин "амалҳои зиддиқонунӣ" гирифта шавад.

Вале чанде аз фаъолони фейсбукии тарафдори ҳукумат даъвати хешовандони ӯро ба додситонӣ "як амали қонунӣ ва муқаррарӣ" номиданд.

Мирзои Салимпур, сабаби чунин бархӯрдҳоро ба "гузоришҳо дар бораи фасод, коронавирус, дар бораи фаъолиятҳои мухолифин ва ҳамроҳ нашудан ба ин бозии зидди оилаи президент" рабт дод.

"Бозии зидди оилаи президент", ба гуфтаи ӯ, талоши нерӯҳоест, ки мухолифи интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш ҳастанд.

Вай ба Радиои Озодӣ гуфт: "Албатта, ин варианти идеалӣ нест, вале дар шароити кунунӣ ин интизорро доштан, ки дар Тоҷикистон мегиранду интихоботи озоду пуррақобат барпо мекунанд, ғайривоқеист. Ба ин далел, аз байни вариантҳое, ки ҳаст, боз ҳам Рустами Эмомалӣ беҳтар ба назар мерасад".

Сардабири Аkhbor.com ин мавзеъгириро низ яке аз сабабҳои фишору таъқиб номид ва афзуд: "Ягон мулоҳизаи сиёсӣ набояд баҳонаи поймол кардани арзишҳои ахлоқӣ шавад, ба ҳеҷ баҳонае набояд аз марзи одамгарӣ берун пой ниҳанд".

Сомонаи Аkbor.com моҳи ноябри соли 2016 дар маркази Ҷумҳурии Чех ба кор оғоз карда, хабарҳои марбут ба Тоҷикистону минтақаро бозтоб медиҳад.

Дастрасӣ ба ин сомона беш аз ду сол боз дар Тоҷикистон масдуд аст. Моҳи апрели соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон ин сомонаро ба рӯйхати вебсайтҳои мамнуъ дар кишвар ворид кард.

Мақомот сомонаро ба он айбдор кардаанд, ки ба созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифин дар Аврупо, "хидмат мекунад".

Даъвати наздикони Мирзои Салимпур ба Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки охирҳои моҳи гузашта чанде аз рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ барои "суҳбатҳои дӯстона" ба ниҳодҳои қудратӣ даъват шуданд ва ҳушдор гирифтанд, ки "бигзоранд, интихобот хубу ором гузарад."

Наздикони маҳбусон ва мухолифин низ шикоят мекунанд, ки ахиран фишору таъқиби аҳли хонаводаи онҳо густариш ёфтааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG