Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши бемории сурхакон дар аҳди коронавирус дар ҷаҳон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) ва Маркази назорати пешгирӣ аз бемориҳои уфунии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтанд, ки бемории сурхакон дар аҳди коронавирус дар ҷаҳон густариш ёфтааст. Бар асоси таҳқиқи ин идораҳо, ки рӯзи 12-уми ноябр эълон шуд, танҳо дар соли 2019 ҳудуди 870 ҳазор мавриди бемории сурхакон сабт шудааст. Ин мавриди зиёдтарин баъд аз соли 1996 мебошад. Бино ба ин таҳқиқ, теъдоди фавтидагон аз бемории сурхакон беш аз 207 ҳазор кас будааст, ки дар муқоиса бо соли 2016 панҷоҳ дарсад бештар аст. Зиёда аз ҳафтод дарсади мавридҳои бемории сурхаконро дар ҷаҳон дар 9 кишвар, аз ҷумла Гурҷистону Қазоқистон, Мақдунияи Шимолӣ ва Украина, сабт кардаанд.

XS
SM
MD
LG