Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

24 кас довталаби курсии президентӣ дар Қирғизистон шудаанд


Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон
Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон

Барои иштирок дар интихоботи президентии Қирғизистон 25 кас номзадии худро пешниҳод кардаанд. Вале дертар яке аз онҳо дархости худро бозпас гирифт.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон, Асланбек Малиев, Содиқ Шер-Ниёз, Урустом Кабилбеков, Илгиз Товкеев, Бактибек Калмаматов, Жамбил Камчиев, Миктибек Арстанбек, Токтайим Уметалиева ва Элеонора Турдубекова 12-уми ноябр барои сабти номзадияшон ба мақоми президентии ин кишвар дар интихоботи пешорӯ ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд.

Пештар низ Адахан Мадумаров, Арстанбек Абдилдаев, Кубан Чороев, Назарбек Нишанов, Бектур Асанов, Бакит Бакетаев, Канатбек Исоев, Абикаар Сидиков, Сазикбай Турдумалиев, Нурлан Мотуев, Рашид Тагаев, Женишбек Байкуттиев, Клара Сооронкулова, Аймен Касенов, Азамат Эсенбеков ва Кубаничбек Қодиров номзадии худро ба мақоми президентии Қирғизистон пешниҳод карда буданд.

Иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборов низ пештар гуфт, барои иштирок дар интихоботи президентӣ аз мақомаш истеъфо хоҳад дод.

Интихоботи президентии Қирғизистон 10-уми январи соли 2021 баргузор мешавад. Сабти номи номзадҳо то 14-уми ноябр идома меёбад.

XS
SM
MD
LG