Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамсояҳо"-и бӯстонсарои ҳукуматӣ дар Варзоб мактаб надоранд. ВИДЕО


Бунёди бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар деҳаи Пуғуси ноҳияи Варзоб садҳо хонандаро аз мактаб маҳрум кардааст. Волидонашон гуфтанд, кӯдакон барои таҳсил роҳи хатарнокеро гузашта, ба мактаби деҳаи ҳамсоя мераванд. Намояндагони ҳукумати ноҳияи Варзоб мегӯянд, аз мушкил хабар доранд, аммо барои ҳалли масъала сармоя надоранд. Бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистонро соли 2012 сохтанд.

Кӯдакони деҳаи Пуғус дар ноҳияи Варзоб 8 сол боз маҷбуранд, чанд километр роҳро тай карда, барои таҳсил ба мактаби деҳаи Ғажне раванд.

Гавҳарбӣ Шарипова, мудири бунгоҳи тиббии деҳаи Пуғус, рӯзи 12-уми ноябр гуфт, мушкили онҳо баъд аз кӯчондани сокинони деҳа аз манзили қаблиашон дар соли 2012 пайдо шуд.

Дар ҷойи ин деҳа мақомот бӯстонсарои берун аз шаҳрии ҳукуматиро бунёд карданд, ки бо номи "Пуғус" машҳур аст. Шарипова мегӯяд, ҳамарӯза садҳо кӯдаки ин деҳа бо хатар озими мактаб мешаванд ва дар фасли сармо дар торикӣ ба манзили худ бармегарданд.

Ба гуфтаи Гавҳар Шарипова, дар мактаби ин деҳа наздик ба 1500 талаба дарс мехонд ва он бунгоҳи тиббӣ низ дошт. "Ба сабаби он ки дар наздикии бӯстонсаро будан, деҳаро хезонданду мактабро ҳам", -- афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Варзоб деҳаи канори бӯстонсаройи ҳукуматӣ мактаб надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Ҳашт сол пеш мақомот тасмим гирифтанд, ки барои баргузории маросими байналмилалии бузург, бӯстонсарои берун аз шаҳрии ҳукуматиро бозсозӣ ва васеъ кунанд. Ба ин хотир, сокинони деҳаи Пуғусро бо пардохти ҷуброн кӯчониданд. Аммо бештаре аз ин сокинон дар маҳалли начандон дуртар аз деҳаи қаблии худ дубора манзили зист бунёд карданд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Файзуллоев, вакили маҷлиси ноҳияи Варзоб аз деҳаи Пуғус, сокинон бо қувваи худ дар ҷойи зисти нав роҳу пул бунёд карданд, об оварданд ва бунгоҳи тиббӣ сохтанд. Барои бунёди мактаб қитъаи замин ҷудо шудааст, аммо барои сохтани он сармоягузор надоранд

"19,60 сотих замин зиёда аз 7 сол шуд, ки ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Чанд бор ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардем. Автобус доданд, он ҳам муваққатан, гоҳ кор мекунад, гоҳ не. Дар ҳақиқат, барои кӯдакон мушкил аст. Дар он тарафи дарё шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аст", -- гуфт вакили маҳаллӣ.

Сокинони деҳаи Пуғус бо ёдоварӣ аз афтодани кӯдакон ба дарё ва ба садама дучор шудани талабаҳо мегӯянд, хастагии роҳ ба таълими фарзандонашон бетаъсир намондааст. Сироҷ Олимов, сокини деҳа гуфт, писарашро ҳангоми бозгашт аз мактаб мошин зад ва барои дармонаш харҷи зиёд карданд.

"Вақти аз мактаб омадан, дар шоҳроҳи байни деҳаи Ғажнӣ ва деҳаи мо, мошин зад, китфи писарам шикаст. Ду моҳ аз ҳисоби худамон табобат кардем. Ҳар рӯз барои ба мактаб рафтану баргаштан роҳ мераванд. Дар як моҳ барои кӯдакон ду пойафзол мегирем. Барои халқи камбағал душвор аст", -- нақл кард ӯ.

Намояндагони ҳукумати ноҳияи Варзоб гуфтанд, ки аз мушкили надоштани мактаб дар деҳаи Пуғус огоҳанд. Барои осон кардани мушкили мактаббачаҳои деҳа ва равуои онҳо ба мактаб автобусе ҳам ҷудо кардаанд.

Асрор Сафарзода, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Варзоб, рӯзи 12-уми ноябр гуфт, "сокинон замони кӯч додани деҳа барои харидани хона ҳамчун ҷуброн пули кофӣ гирифта буданд, вале нахостанд дар ҷойи дигар манзил созанд. Дар канори дигари деҳа сокин шуданд."

Ба гуфтаи ӯ, ноҳияи Варзоб аз нигоҳи иқтисодӣ худкифо нест ва ё зери дотатсияи давлат қарор дорад ва пайдо кардани сармояи зарурӣ барои бунёди мактаб дар фурсати кӯтоҳ мушкил аст. Асрор Сафарзода афзуд, тарҳи мактаби деҳаи Пуғус омода аст ва роҳбарият барои сохтмони он беш аз 3,5 миллион сомонӣ ҷустуҷӯ доранд.

Ба гуфтаи ин мансабдори ноҳияи Варзоб, дар сурати пайдо кардани сармоягузор дар зудтарин фурсат бунёди мактаб дар деҳаи Пуғус шуруъ хоҳад шуд.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ҳамасола даҳҳо мактаби нав дар минтақаҳои гуногуни кишвар сохта мешаванд ва дар бештаре аз маврид соҳибкорон низ барои бунёди ин мактабҳо ҷалб мешаванд. Ба гуфтаи манбаъ, сохтмони мактаб дар деҳаи Пуғус низ дар назар будааст.

Вале, чунин ба назар мерасад, ки масъулони вазорат низ барои сохтмони мактаб аз буҷаи кишвар маблағи зарурӣ ҷудо карда наметавонанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG