Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Фарғона баррасии парвандаи 22 гумонбари "ҳаводиси Сӯх"-ро оғоз кард 


Мардум ба сӯи ҳокими пешини Фарғона санг ҳаво доданд.
Мардум ба сӯи ҳокими пешини Фарғона санг ҳаво доданд.

Додгоҳи вилояти Фарғонаи Узбекистон парвандаи 22 нафареро баррасӣ дорад, ки ба даст доштан дар ҳаводиси ноҳияи Сӯхи вилоят гумонбар мешаванд. Дар ин бора нашрияи "Дарё" 11 ноябр иттилоъ дод.

Бино ба хабарҳо, дар миёни гумонбарон ду ноболиғ низ ҳаст. Баррасии парвандаи мазкур 9 ноябр оғоз шудааст.

Зидди ин афрод бо бандҳои "Маҷбур кардани намояндаи давлат ба даст кашидан аз иҷрои вазифаи хидматӣ ё қарзи шаҳрвандии худ" ва "Бетартибиҳои оммавӣ" айб эълом гаштааст.

Ба иллати маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус аз наздикони гумонбарон ба мурофиа дунафарӣ роҳ ёфтаанд. Қарор аст, мурофиаи навбатӣ 16 ноябри соли равон баргузор шавад.

Рӯзи 31 майи соли ҷорӣ байни сокинони ду деҳаи наздимарзии Узбекистону Қирғизистон ҷанҷол сар зад. Дар ин ҷанҷол аз ду ҷониб бештар аз ҳазор сокин ширкат варзида, ба самти якдигар санг ҳаво доданд. Чанд хона низ аз ҳар ду ҷониб сӯхт.

Дар натиҷаи низои мазкур аз ҷониби Узбекистон 187 нафар дар беморхона бистарӣ шуд. Ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар низои мазкур 25 шаҳрванди он кишвар захмӣ шудааст.

Сокинон ба самти Шуҳрат Ғаниев, раиси пешини вилояти Фарғона ва собиқ раиси ноҳияи Сӯх, ки барои ором кардани низоъ ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуданд, ҳамла карда, санг ҳаво доданд.

XS
SM
MD
LG