Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарфҳои Помпео дар бораи интиқоли қудрат баҳс эҷод кард


10-уми ноябр Майк Помпео дар Департаменти давлатӣ нишасти матбуотӣ дод
10-уми ноябр Майк Помпео дар Департаменти давлатӣ нишасти матбуотӣ дод

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео, ҳарчанд як ҳафта баъди пирӯз эълон шудани Ҷо Байден нахост ғалабаи ӯро дар интихоботи президентӣ эътироф кунад, гуфт, ҷаҳон бояд «мутмаин» бошад, ки дар ИМА интиқоли сулҳомези қудрат ҷараён мегирад. Вақте Помпео дар нишасти матбуотии рӯзи 10-уми ноябраш гуфт, ки «гузариш ба маъмурияти дуюми Трамп нарм барпо мешавад», ҳарфҳояш мояи интиқодҳои зиёд шуд. Байден бо 4,7 миллион овози бештар назар ба президент Доналд Трамп барандаи интихоботи 3-юми ноябр номида шуд, чун тавонист беш аз 270 овози ҳайати раъйдиҳандагонро ба даст оварад. Вале на Трамп ва на аъзои тимаш то ҳол намехоҳанд инро эътироф кунанд ва баръакс, бо иддаои бедалели ин ки гӯё натиҷаҳо тақаллуб шудааст, аз паи даъвоҳои ҳуқуқии натиҷаҳои интихобот шуданд.

Помео гуфт: «Ман котиби давлатӣ ҳастам. Ба ман аз саросари ҷаҳон занг мезананд. Ин мардум интихоботи моро назорат мекунанд. Онҳо дарк мекунанд, ки мо як ҷараёни ҳуқуқӣ дорем. Онҳо мефаҳманд, ки ин фурсат мехоҳад, дуруст? Аз мо 37 рӯз бештар назар ба соли 2000-ум талаб мешавад. Он вақт мо даври муваффақи гузаришро пуштисар кардем. Ман мутмаинам, ки мо ҳар як овози қонуниро ҳисоб мекунем ва бояд кунем. Мо бояд дилпур бошем, ки ҳеҷ як овози ғайриқонунӣ ҳисоб нашавад. Агар дуруст ҳисоб нашавад, ин чиз раъйи шуморо заъиф мекунад. Мобояд корро дуруст анҷом диҳем».

Суханҳои дипломати аршади ИМА интиқоду баҳси зиёде эҷод кард ва каме баъдтар ӯ лаҳни сӯҳбаташро дар як мусоҳибаи радиоӣ нармтар карду гуфт, ки “даври гузор дуруст ба роҳ монда мешавад” ва кор бар асоси конститутсия сурат хоҳад гирифт.

Дар ҳоле, ки Трамп ва тарафдоронаш аз гӯё роҳ ёфтани тақаллуб дар овоздиҳӣ сӯҳбат мекунанд, ду гурӯҳи нозирони байналмилалӣ гуфтанд, ки интихобот озоду одилона буд. Нозирони САҲА Трампро барои ҳамлаи “беасос” ба тамомияти интихобот интиқод карданд.

XS
SM
MD
LG