Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ростои эътирозҳо, ҳукумати Арманистон мухолифонро аз “талоши кудато” ҳушдор дод


Эътирозҳои рӯзи 11-уми ноябр
Эътирозҳои рӯзи 11-уми ноябр

Ҳукумати Арманистон мухолифони кишварро аз талоши “кудато” ё табаддулот ҳушдор дод, чун мухолифон гуфтаанд, ки мехоҳанд рӯзи 11-уми ноябр дар Ереван бо талаби истеъфои нахуствазир Никол Пашинян намоиши эътирозӣ баргузор кунанд. Баъди имзои созиши оташбас дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ, ки рӯзи 10-уми ноябр бо миёнҷигии Русия аз ҷониби Арманистону Озарбойҷон имзо шуд, эътирозгарони ин созиш ба биноҳои парлумон ва ҳукумат ворид шуда даст ба беназмӣ заданд ва таниш дар фазои ҷомеаи Арманистон боло мегирад. Дар остонаи намоиши эътирозии мухолифон рӯзи 11-уми ноябр, полис ҳушдор дод, ки бар асоси қонуни ҳолати ҷангии ҷоришуда дар кишвар баъди шурӯи даргириҳо дар Қаробоғ рӯзи 27-уми сентябр, ташкили раҳпаймоиву таҷаммӯъҳои ҷамъиятӣ манъ мебошад. Тигран Авинян, муовини нахуствазири Арманистон, ки тавассути телевизион сӯҳбат мекард, аз эҳтимол соқит накард, ки ҳукумат метавонад ба истеъфо раванд, вале аз талоши “кудато” ҳушдор дод. Ӯ гуфт, “мехоҳам ҳама нирӯҳои сиёсиро мутақоид кунам, ки талоши доштани моҳӣ дар оби ганд ва дар шароити қонуни ҷанг намоиши таҳаммулнопазирӣ мешавад”. Ӯ гуфт, фурсат барои пайдо кардани масъулони ҷараёнҳои феълии сиёсӣ мерасад. “Агар зарур бошад, ин ҳукумат меравад, ҳукумати нав интихоб мешавад, вале на ман ва на дигар узви тими мо ҳеҷ гуна талоши кудаторо роҳ намедиҳем”.

XS
SM
MD
LG