Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи Шерлок Ҳолмсро дар Лондон духтари Назарбоев харидааст


Дариға Назарбоева ва Маликаи Бритониё, соли 2015
Дариға Назарбоева ва Маликаи Бритониё, соли 2015

Биное дар Бейкер-стрити шаҳри Лондон, ки бо номи хонаи Шерлок Ҳолмс, қаҳрамони асари нависанда Артур Конан Дойл маъруф аст, ба хонаводаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тааллуқ дорад.

Бино ба асноде, ки нашрияи The Times дастрас кардааст, моликони бинои мазкур духтари президенти нахустини Қазоқистон Дариға Назарбоева (90%) ва писараш Нуралӣ Назарбоев (10%) ҳастанд.

Нашрия афзудааст, ки дар Бейкер-стрит чандин хона ва замини дигар низ ба хонаводаи Назарбоевҳо тааллуқ дорад. Ин амволи ғайриманқул расман ба номи ширкати Farmont Baker Street Limited сабт шудаанд.

The Times ёдоварӣ кардааст, "таҳқиқоти созмони ғайридавлатии Global Witness дар соли 2015 муайян кард, ки амволи ғайриманқули мазкур дар Бейкер-стрит ба шавҳари Дариға Назарбоева, соҳибкор Роҳат Алиев тааллуқ доштанд, ки дар Қазоқистон дар хиёнат ба давлат, куштор ва ташкили гуруҳи ҷиноӣ айбдор мешуд. Алиев дертар, соли 2015 дар як маҳбаси Австрия худкушӣ кард.

Расонаҳои Бритониё 10 марти соли равон, пас аз мурофиае дар Додгоҳи олии Лондон навиштанд, ки молики се амволи ғайриманқули ҳабсшуда дар ин кишвар Дариға Назарбоева ва писараш Нуралӣ Алиев ҳастанд.

Оҷонси миллии Бритониён дар умури мубориза бо ҷиноятҳо манзилҳои мазкурро дар доираи пажуҳиши махсус ба ҳабс гирифт. Мақомоти Бритониё таҳқиқ нисбати манзилҳои марбут ба Назарбоевҳоро дар доираи парвандаи мубориза бо дороиҳои "номашруъ" шуруъ карда будаанд. Вале дертар додгоҳе дар Лондон додгоҳ қарор кард, ки ин амволро Назарбоеваи "аз нигоҳи иқтисодӣ мустақил" ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG