Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон харидани воксинҳои Pfizer ва BioNTech-ро баррасӣ мекунад


Озмоиши воксини зидди коронавируси нав
Озмоиши воксини зидди коронавируси нав



Нурлибек Асилбеков, як масъули вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон масъалаи харидории воксинҳои зидди коронавирус - Pfizer ва BioNTech-ро шарҳ дод. "Шумо медонед, ки ин хабар танҳо дирӯз нашр шуд. Вазорати ҳифзи тандурустӣ ин масъаларо меомӯзад. Баъди сабт шудани воксинҳои Pfizer ва BioNTech мо бо ширкатҳои истеҳсолкунандаи ин навъи воксинҳо гуфтугӯ хоҳем кард", - гуфт Асилбеков дар як нишасти хабарӣ рӯзи сешанбе. Ширкати азими дорусозии ИМА Pfizer ва шарики олмонии он BioNTech SE рӯзи 9 ноябр эълом доштанд, ки ваксинаи таҷрибавии COVID-19 дар озмоишҳои аввалия ба самарабахшии беш аз 90-дарсадӣ расидааст. Бино ба пешбиниҳо, ширкати дорусозии мазкур то охири соли ҷорӣ 50 миллион вояи воксин ва дар соли 2021 бештар аз як миллиард воя истеҳсол хоҳад кард. Моҳи сентябр намояндаи расмии вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон гуфта буд, ки кишвараш омода аст, бо ҳар ширкате, ки аввалин шуда дар дунё воксини зидди коронавирусро сабт мекунад, шартнома бандад.

XS
SM
MD
LG