Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳои муқаррарӣ байни Русия ва Тоҷикистон алҳол роҳандозӣ намешаванд


Ҳавопаймои ширкати мисрӣ дар фурудгоҳи Маскав

Кай роҳҳо боз мешаванд ва парвозҳо байни Русия ва Тоҷикистон ба ҳолати пешина бармегарданд? Ин суолест, ки ҳазорон нафар аз корбарони пойгоҳҳои Радиои Озодӣ ҳамарӯза ба кормандони мо мефиристанд. Барои дарёфти посух ба он Радиои Озодӣ рӯзи 7 ноябр бо дархости хаттӣ ба Бунгоҳ ё Оҷонси федероли нақлиёти ҳавоии Федератсияи Русия (Росавиатсия) муроҷиат кард. Ду рӯз баъд аз ин аз номи намояндаи дафтари матбуоти ин ниҳод Елена Михеева ҷавоб омад, ки “дар ҳолати феълӣ Росавиатсия масъалаҳои ташкили парвозҳои байнулмилалиро шарҳ намедиҳад. Ҳамаи қарорҳо дар бораи иҷрои парвозҳо дар салоҳияти Ситоди фаврии Ҳукумати ФР қарор доранд.” Пас аз ин посух Радиои Озодӣ барои рӯшанӣ андохтан ба масъалае, ки даҳҳо ҳазор нафарро нигарон кардааст, ба Ситоди фаврии Ҳукумати Федератсияи Русия муроҷиат намуд. Худи он рӯз аз ин ҷо бо имзои “Дафтари матбуоти Ҳукумати Русия” посух омад, ки “барои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти нави коронавируси COVID-19, Ҳукумати Федератсияи Русия 27 март қарор кард, ки парвозҳои мунтазам ва чартериро аз фурудгоҳҳои Русия ба фурудгоҳҳои хориҷӣ ва баръакс, ба истиснои парвозҳои бозоварии шаҳрвандони Русия, қатъ кард. Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии сирояти нави коронавирусӣ дар Русия мониторинги вазъи эпидемиологиро идома медиҳад ва дар самти васеъ намудани рӯйхати кишварҳое кор мекунад, ки робитаи ҳавоӣ бо онҳо метавонад аз сар гирифта шавад. Маълумот дар бораи ҳамаи қарорҳои қабулшуда дар сомонаи расмии Ҳукумати Федератсияи Русия дастрас мегардад. Барои шарҳу тавзеҳ дар масъалаи парвозҳои чартерии мусофиркашонӣ, тавсия медиҳем, ки бо Бунгоҳи федероли нақлиёти ҳавоӣ муроҷиат кунед.” Ба ин тартиб, ду ниҳоди масъули Русия посухи суолро ба ҳамдигар ҳавола карданд, вале ҷавоби дақиқ надоданд, ки кай мумкин аст, парвозҳои дуҷониба байни Русия ва Тоҷикистон аз сар гирифта шаванд. Пештар тарафи Тоҷикистон гуфта буд, ки хостори бо ҳолати одӣ баргаштани парвозҳои байни ду кишвар аст, вале дар ин масъала бо Маскав созише ҳосил нашудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши сирояти коронавирус гузориш медиҳанд ва истифодаи парвозҳои чартерӣ ё бозгардонанда дар миёни муҳоҷирон сарусадоҳоеро ба бор овардааст, ки ширкати ҳавонавардӣ аз мушкилоти онҳо суистифода мекунад. Тарафи Русия далели мушаххаси эҳё нашудани парвозҳои байни ду кишварро баён накардааст. Дар моҳҳои август ва сентябр Русия парвозҳои мунтазамро бо Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореияи Ҷанубӣ, Миср, Туркия, Бритониё ва ғайра аз сар гирифт.

XS
SM
MD
LG