Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурияти Трамп ҳамкорӣ бо тими Байдени пирӯзро ба таъхир меандозад


GSA аз забони англисӣ ҳамчун Маъмурияти хадамоти умумӣ тарҷума мешавад ва ин идора масъулияти сохторҳои федеролиро ба ӯҳда дорад

Баҳсҳои ҳуқуқии президенти ИМА Доналд Трамп ва муқовимати ӯ барои эътирофи мағлубияти интихоботиаш намегузорад, ки сохторҳои федеролии Амрико дар давраи гузариш бо тими Ҷо Байдени барандаи интихоботи президентӣ ҳамкорӣ кунад. Баъди се рӯзи эълони барандаи интихобот ҳам идораи начандон шинохташудаи масъули шурӯи интиқоли қудрат ба маъмурияти нав санади иҷозатдиҳандаи кор ба тими Байденро имзо намекунад. Чунин иҷозатнома ба тими Байден ҳақи дастрасӣ ба сохторҳои давлатӣ, муошират бо мақомдорон ва истифода аз хазинаи андозсупорандагонро фароҳам мекунад, ки битавонад хароҷоти марбут давраи интиқоли қудратро пардохт кунад. Чунин таъхир ба шурӯи кори маъмурияти нав ва омодагиаш ба маросими савгандёдкунӣ монеа эҷод мекунад. Як Тими Байден, ки барои омодагии давраи гузариш таъсис шудааст, дар изҳороти рӯзи 9-уми ноябраш гуфт, ки идораи интиқоли маъмуриятҳо (GSA) бояд пирӯзии Байденро эътироф бикунад, то ки марҳилаи гузариш ё интиқоли қудрат ба роҳ монда шавад. Дар сурати ғайр, тими Байден ба додгоҳ муроҷиат мекунад. GSA аз забони англисӣ ҳамчун Маъмурияти хадамоти умумӣ тарҷума мешавад. Ин идора масъулияти сохторҳои федеролиро ба ӯҳда дорад ва бар асоси натиҷаҳои интихобот бояд ҷараёни интиқоли қудратро иҷоза бидиҳад. Трамп натиҷаҳои интихоботро ба чолиш кашид ва нишон дод, ки ба ҳеҷ сурат намехоҳад пирӯзии рақибашро эътироф кунад. Пешгӯӣ мешавад, ки баҳсҳои додгоҳии Трамп чандин ҳафта идома хоҳад кард. Сухангӯи GSA рӯзи 9-уми ноябр гуфт, ки ҳанӯз интихобот натиҷагирӣ нашудааст ва ишора кард, ки то замони мағлубияташро эътироф накардани Трамп ва хулосаҳои ҳайати овоздиҳандагон қарорро имзо намекунад.

XS
SM
MD
LG