Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш иқдоме, ки Ҷо Байден дар робита бо муҳоҷират анҷом додан мехоҳад  


Ҷо Байден бо тарафдоронаш

Замоне, ки Ҷо Байден вориди Кохи Сафед мешавад, ба эҳтимоли зиёд чандин тасмимеро, ки президент Доналд Трамп дар қиболи муҳоҷират анҷом додааст, мутобиқи сиёсати худ бозбинӣ хоҳад кард.

Агар бархе аз ин тасмимҳо зуд бекор ё иваз шаванд, барои тағйири бархе аз онҳо моҳҳову солҳои зиёд лозим мешавад. Хабаргузории Ройтерз дар матлабе шаш бахше, ки эҳтимолан Ҷо Байден ба онҳо муроҷиат мекунад, ном бурдааст:

1. ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ МУҲОҶИРАТ ВА “ОРЗУПАРВАРҲО”

Байден нақша дорад, ки дар рӯзи аввали кораш дар моҳи январ ба Конгресс тарҳи қонун дар бораи муҳоҷиратро бифиристад, ки роҳи 11 миллион муҳоҷирро барои дарёфти шаҳрвандӣ осон мекунад. Ҳоло ҳамин миқдор нафарон дар хоки ИМА ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.

Тими интихоботии Байден гуфтааст, ки тарҳи қонун, аз ҷумла, мавқеи ҳуқуқии ба истилоҳ “орзупарварҳо”-ро бозбинӣ мекунад, ки ба ИМА ҳанӯз замони кӯдак буданашон ворид шудаанд. Бар асоси барномаи бо номи “Иқдоми муваффақ барои кӯдакони омада”, ки ҳанӯз замони президент Барак Обама шурӯъ шуда буд, 644 “орзупарвар” аз хатари ихроҷ наҷот меёбанд ва бо иҷозаи кор таъмин мешаванд. Трамп дар фикри хатми барномаи мазкур шуд, вале Додгоҳи олӣ июни имсол гуфт, ки маъмурияти президент расмиёти ҳуқуқиро дуруст иҷро накардааст.

Барномаи ислоҳоти бахши муҳоҷирати Байден тақдими шаҳрвандӣ ба 400 ҳазор нафареро дар бар мегирад, ки бар асоси барномаи “Мавқеи муваққатии ҳимоят” фаро гирифта шудаанд. Трамп аксари бахшҳои ин барномаро бекор, вале дар анҷоми талаботи ҳуқуқии онҳо таъхир кард.

2. МАНЪИ САФАР

Дар рӯзи нахустини президентиаш Байден ният дорад манъи сафар ба шаҳрвандони 13 кишварро, ки аксарашон аз давлатҳои ғолибан мусалмоннишин ва ё африқоӣ мебошанд, бекор кунад. Соли 2017, дар фурсати кӯтоҳи баъди президент шуданаш, Трамп ба 7 кишвари мусалмоннишин ҳақи вуруд ба ИМА-ро бекор кард. Маъмурияти Кохи Сафед бино ба ихтилофҳои ҳуқуқӣ чандин бор ин муқарраротро тағйир дод, вале Додгоҳи олӣ нусхаи соли 2018-и ин қарорро қабул кардааст. Исми кишварҳое, ки бо маҳдудияти сафар ба ИМА рӯбарӯ шудаанд, дар давоми солҳо тағйир ёфтааст.

Агар ҷараёни бекор кардани ин қарорҳо фурсати зиёд нагирад ҳам, эҳтимолан бо сабаби норизоияти аксар муҳофизакорон метавонад тӯл кашад.

3. МАҲДУДИЯТҲОИ ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ


Трамп дар авҷи пандемияи коронавирус чандин маҳдудияте ҷорӣ кард, ки монеи сафари муҳоҷирони қонунӣ ва дигар гуруҳи мусофирон ба ИМА шудааст.

Ин маҳдудиятҳо ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус гирифта шуда, ба онҳое марбут аст, ки аз Бразилия, Чин, Аврупо ва Эрон вориди ИМА мешаванд. Инчунин Трамп муҳоҷиронеро, ки барои иқомати доимӣ ва хориҷиҳое, ки барои кори муваққатӣ ба ИМА меоянд, бо ҳадафи ҳифзи бозори кори дохилӣ аз ворид шудан ба кишвар мамнӯъ кард.

Як додраси додгоҳи федеролӣ моҳи октябр қарори Трамп дар бораи манъи вуруди садҳо ҳазор корҷӯро бекор кард, вале маъмурияти Кохи Сафед ин ҳукмро ҳам ба чолиш кашонд.

Байден бархе аз ин маҳдудиятҳоро интиқод кардааст, вале айни замон нагуфтааст, ки билофосила ин қарорҳо бекор мешаванд. Ӯ инчунин қонунҳои изтирории марзиро, ки моҳи март ба иҷро даромад, шарҳ надодааст. Ин қарорҳо ихроҷи билофосилаи нафаронеро пешбинӣ мекунад, ки аз марз мегузаранд ва ё мехоҳанд аризаи паноҳандагӣ бидиҳанд. Як мақоми тими Байден гуфт, ки мутобиқи машварати мақомоти беҳдоштӣ амал хоҳанд кард.

4. МУТАХАССИСОНИ ХОРИҶӢ

Моҳи октябр маъмурияти Трамп бархе муқарраротеро ниҳоӣ кард, ки бар асоси он имкони ба кор дар ширкатҳои амрикоӣ қабул шудани мутахассисони хориҷӣ маҳдуд мешавад. Маҳдудияти корхонаҳо ин мешавад, ки барои истихдоми коргари хориҷӣ бояд пули бештар пардохт кунанд. Ин муқаррарот ҳамчунин навъи касбу кореро, ки барои гирифтани визаи корӣ дар ИМА ҳақ доранд, кам мекунад.

Байден то ҳол нагуфтааст, ки агар интихоб шавад, ин қарорҳоро бекор мекунад, ё на. Вале вебсайти тими интихоботии ӯ мегӯяд, ки ӯ бо Конгресс кор карда барномаи визаи навъи H-1B-ро, ки барои кор дар ИМА раводид медиҳад, мутобиқи бозори кори ИМА бозбинӣ мекунад. Вебсайт навиштааст, ки Байден баъди ин имкони гирифтани виза барои мутахассисони баландпояро афзоиш медиҳад.

5. МУҲОҶИРОН

Байден гуфт, ки ҳадди аксари қабули муҳоҷиронро дар сол то 125 ҳазор нафар афзоиш медиҳад, вале нагуфтааст, ки ин барнома аз кай мавриди иҷро қарор мегирад. Трамп гуфтааст, ки қабули муҳоҷиронро шадидан кам карда, соли 2021 то 15 ҳазор нафар коҳиш медиҳад. Ба эҳтимоли зиёд, Байден ин оморро афзоиш медиҳад.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон ҳушдор медиҳанд, ки барои аз нав роҳандозӣ шудани барномаҳои қабули муҳоҷирон дар ИМА солҳо лозим мешавад ва тавонмандии қабулу ҷобаҷокунии онҳо ҳам захираҳои зиёдро талаб хоҳад кард.

Байден охири моҳи октябр гуфт, ки барои шаҳрвандони Венесуэла, ки дар ИМА зиндагӣ мекунанд, “билофосила” ҳуқуқи ҳимояти башарӣ медиҳад ва ин чиз ба онҳо имкон медиҳад, ки дар кишвар монда иҷозаи кор дарёфт кунанд. Ӯ гуфт, ки ин мардум дар кишваре зери раҳбарии Николас Мадуро бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ рӯбарӯ ҳастанд.

6. САРҲАДИ ИМА ВА МЕКСИКА

Барномаи муҳоҷирати Байден мегӯяд, ки дигар ихтисоси маблағҳои Пентагон барои сохтани девор дар хати марз бо Мексика хотима меёбад ва бар иваз ба тақвияти зербиноҳо барои анҷоми санҷишҳои марзӣ сармоягузорӣ хоҳад шуд.

Ӯ моҳи август гуфт, ки деворҳои сохташударо аз байн намебарад, вале сохтмон хотима дода мешавад.

Байден аз Трамп хостааст, ки сиёсати маҳдудкунандаи муҳоҷиратро хотима бидиҳад ва бар ивази он, барномаи “Дар Мексика бимонед”-ро роҳандозӣ бикунад. Бар асоси ин барнома, муҳоҷироне, ки мексикоӣ нестанд, маҷбур мешаванд дар Мексика монда, интизори мурофиаҳои додгоҳии муҳоҷират ба ИМА шаванд.

Дар ҷараёни мубоҳисаҳои номзадҳои президентӣ рӯзи 22-юми октябр Байден ин барномаро интиқод кард ва гуфт, ки дар ниҳоят бисёр муҳоҷирон дар он сӯи соҳилҳои дарёи Рио Гранде “дар ҳолати фақру бенавоӣ” мемонанд. Ин дарё ИМА ва Мексикаро аз ҳам ҷудо мекунад.

Байден гуфт, ки муттаҳидсозии оилаҳои муҳоҷирон бо фарзандонашон, ки бар асоси сиёсатҳои Трамп ҷудо карда шудаанд, дар авлавияти кор қарор медиҳад. То 20-уми октябр ҳуқуқшиносон ва созмонҳои ҷамъиятӣ натавонистанд 545 кӯдакро ба волидонашон бидиҳанд. Ин кӯдакон дар марзи ИМА ва Мексика аз волидон ҷудо карда шуданд.

Маталаб аз хабаргузории Рейтерз тарҷума шудааст.

XS
SM
MD
LG