Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори хирсе бо бачааш дар Камчатка интиқоди шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард


Акси хирс аз бойгонӣ
Акси хирс аз бойгонӣ

Дар рустои Рибачйеи минтақаи Камчаткаи Русия аз тири силоҳе як хирсро ҳамроҳ бо бачааш куштанд. Радио Свобода бо такя ба матбуоти маҳаллӣ менависад, ки дар рустои Рибачйе киштиҳои зериобии атомии нирӯҳои баҳрии Русия, воқеъ дар уқёнуси Ором ҷойгир мебошанд. Хирсочаву бачааш ба халиҷи Крашеннинников омада ба болои як киштии зеробӣ баромада нишастанд. "Камчатка-Информ" видеои корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ҳам нашр кардааст, ки дар он саҳнаи ба киштӣ наздик ва кушта шудани ин оила намоиш дода мешавад. Дар навори видеоии куштори оилаи хирсҳо садои мардонае мегӯяд:

“Ҳоло ин хирсочаро ҳамроҳ бо бачааш мекушанд... Роҳи дигар вуҷуд надорад, ӯро аз роҳи дигар пеш карда намешавад. Танҳо куштан даркор аст (садои тир). Агар ӯро пеш кунанд, ба ин ё он деҳа меравад. Бо ҳамин роҳ дар Камчатка бо хирсҳо мубориза мебаранад... Тамом, хирсбача мурд, очааш ҳанӯз зинда аст”. Дар видео садои се тир шунида мешавад.

Вебсайти Baza гуфт, ки масъулияти куштани хирсҳоро як шикорчии маҳаллӣ ба дӯш гирифтааст. Ин вебсайт мегӯяд, ки хирсочаву бачааш чанд рӯзи охир дар ҷустуҷӯи ғизо дар ин деҳа мегаштанд ва бо ҳамин сабаб ҳам ба болои киштии атомӣ баромаданд.

Нашри саҳнаи куштори хирсочаву бачааш интиқоди зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG