Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Арманистон хостори мулоқот бо  Пашинян шуданд


Парлумони Арманистон
Парлумони Арманистон

Раҳбарони ду гурӯҳи мухолифини парлумони Арманистон бори дигар аз нахуствазир Никол Пашинян талаб карданд, ки бо онҳо мулоқот карда вазъ дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳиро баррасӣ кунад.

Гакик Тсарукян аз ҷиноҳи “Арманистони шукуфо” ва Эдмон Марукян аз “Арманистони рӯшан” рӯзи 9-уми ноябр бори дигар хостори музокирот бо нахуствазири кишвар шуданд. Ин дархостҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи вазъ дар ин минтақаи ҷудоиталаб бо аксар аҳолии арманитабораш ва ҳам ҷангҳои охир дар шаҳри стратегии Шушӣ (ба озарӣ Суса) иттилои мухталиф нашр мекунанд.

Дар изҳороти муштараки Тсарукян ва Марукян дар бораи дархости моҳи октябри онҳо барои баргузор кардани як ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти кишвар ва ҳизбҳои мухолифин ёдоварӣ карда шудааст. Онҳо мегӯянд, ки Пашинян то ҳол ба дархости онҳо посухи расмӣ надодааст.

Дар изҳорот омадааст: “Бо назардошти ин ки ҷангҳо дар Артсах (арманиҳо Қаробоғи Кӯҳиро чунин ном мебаранд) идома дорад, мо бори дигар аз нахуствазир тақозо мекунем, ки бо ҷиноҳҳои парлумонӣ як мулоқоти изтирорӣ баргузор кунад”.

Рӯзи 8-уми ноябр раиси ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфт, ки нирӯҳои кишвараш шаҳри Шушӣ, дуюмин шаҳри муҳими Қаробоғи Кӯҳиро таҳти назорат даровардааст, вале ин иддаоро ҷониби Ереван тасдиқ намекунад.

Сухангӯи вазорати дифои Арманистон Шушан Степанян гуфт, ки ҷангҳо дар наздикии Шуши – шаҳре, ки дар баландӣ ҷойгир буда, то Степанкерт аз он ҷо 10 км роҳ аст, рӯзи 9-уми ноябр ҳам идома кард.

Раҳбари амалии Қаробоғи Кӯҳӣ Араик Ҳарутюнян дар Фейсбук навишт, ки ӯ мавзеъҳои низомии ҳимоякунандаи Степанакертро дидан кард ва нирӯҳои арманиро барои, ба навиштааш, “муқовимати беш аз якрӯзаашон ба роҳзанҳои душман, ки аз Шуши пойтахтро ҳамла карданд”, ситоиш намуд.

Дар изҳороти амалан вазорати дифои Қаробоғи Кӯҳӣ гуфта шудааст, ки дар миёни нирӯҳои низомии он 44 талафот ба қайд гирифта шуда шумори умумии кушташудаҳо дар ҷангҳо бо Озарбойҷон аз 27-уми сентябр ба ин сӯ 1221 нафарро ташкил додааст. Озарбойҷон дар бораи талафот оморе нашр накардааст.

Қаробоғи Кӯҳӣ минтақае дар ҳудудҳои Озарбойҷон эътироф шудааст, вале аксар арманитаборҳои сокини ин қаламрав ҳукумати Бокуро эътироф намекунанд. Онҳо баъди хатми ҷангҳои солҳои 1994 бо Озарбойҷон, бо қоидаҳои худ ҳукумат мекунанд ва аз Арманистон кӯмак мебинанд.

XS
SM
MD
LG