Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори олудашудагони коронавирус дар ИМА ба 10 миллион нафар гузашт


Ҳинд кишвари дуюми осебдидатарин аз коронавирус дар ҷаҳон ба шумор меравад
Ҳинд кишвари дуюми осебдидатарин аз коронавирус дар ҷаҳон ба шумор меравад

Дар ИМА рӯзи 9-уми ноябр шумори олудашавиҳо ба коронавирус метавонад аз 10 миллион нафар гузарад, дар ҳоле, ки шумори гирифторон дар ҷаҳон аз 50 миллион нафар гузаштааст. Аз 30-юми октябр ба ин сӯ дар ИМА тахминан 1 миллион ҳолати олудашавӣ гузориш шудааст, ки рекордӣ мебошад. Рӯзи 7-уми ноябр дар ин кишвар 126 ҳазор ҳолати нави олудашавӣ ба қайд гирифта шуд ва ин рӯзи чорум буд, ки омори беморҳои нав дар як рӯз аз 100 ҳазор нафар бештар мешавад. Шумори фавтидаҳо бар асари коронавирус дар ИМА аз 237 ҳазор нафар гузашт ва дар ҷаҳон талафот аз вируси ҳамагир 1,2 миллион нафарро ташкил додааст. Дар кишварҳои аврупоӣ рекорди нави олудашавӣ ба қайд гирифта мешавад. Дар Аврупо 12 миллион ҳолати олудашавӣ ба коронавирус сабт шуда, 24 дарсади кулли талафот аз COVID-19 ба ин қора дуруст меояд. Баъди ИМА бо 8,5 миллион ҳолати гирифторӣ ба вирус Ҳинд кишвари дуюми осебдидатарин дар ҷаҳон аз коронавирус ба шумор меравад. Дар Ҳинд рӯзе тахминан 46 ҳазор ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG