Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаро дар Дубай ба Баҳрайн бохт


Бозигарони тоҷик дар фурудгоҳи Дубай. Акс аз 4-уми ноябр аз ФФТ
Бозигарони тоҷик дар фурудгоҳи Дубай. Акс аз 4-уми ноябр аз ФФТ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Баҳрайн бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Ин бозӣ рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар Дубай, дар варзишгоҳи "Police Officers’ Club", доир гардид. Голи ягонаро Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ дар охири нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 44-ум, ба самар расонид.

Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, баъди анҷоми бозии дӯстона бо тими миллии Баҳрайн гуфт, “ба фикри ман бозӣ хуб гузашт. Бачаҳои мо кӯшиш карданд, вале баъзеашонро, ки камтаҷрибаанд, ҳаяҷон фаро гирифта буд. Ба баъзе бачаҳо маҳорат намерасид. Дар нимаи дувум бозӣ ранги дигар гирифт, бозигарони мо лаҳзаҳои голзанӣ (садфоиза ҳам набошад) доштанд. Ин бозии санҷишӣ нишон дод, ки ба бачаҳои мо касби таҷрибаи бозии байналмилалӣ зарур аст. Рақибамон - мунтахаби Баҳрайн яке аз дастаҳои пурқуввати Осиё мебошад ва дар байни кишварҳои арабӣ қаҳрамон аст. Дар бозии навбатии дӯстона дар Дубай бо Иморот ба ҳайати дастаи мо нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев, ки дар бошгоҳи “Локомотив”-и Пловдиви Булғористон бозӣ мекунад, мепайвандад ва умедворем, ки ӯ ба мо кӯмак хоҳад кард.”

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони тоҷик бозии дувуми дӯстонаро дар Дубай рӯзи панҷшанбе, 12-уми ноябр, бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ анҷом медиҳанд.

Бозии дӯстона

Баҳрайн – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ, 44.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эгашев, Аҳтам Назаров (капитан), Зоир Ҷӯрабоев (Манучеҳр Ҷалилов, 87), Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 80), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Абдулмуъмин Забиров (Комрон Турсунов, 70), Эҳсони Панҷшанбе, Илҳомҷон Баротов (Ислом Зоиров, 70), Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 80).

Сардовар: Аҳмад Исо Дарвеш (Иморот).

7-уми ноябр. Дубай. Варзишгоҳи «Police Officers’ Club».

XS
SM
MD
LG