Иттиҳоди Аврупо ба зидди Александр Лукашенко, писараш ва 13 мансабдори дигари Белорус таҳрим ҷорӣ кард. Бар асоси ин таҳримҳо, ба ин афрод виза ё раводиди сафар ба кишварҳои аврупоӣ дода намешавад ва дороиҳояшон дар Аврупо баста мегардад. Дар моҳи октябр низ Иттиҳоди Аврупо алайҳи 40 мақоми Белорус, ки ба истифода аз хушунат ба зидди эътирозгарон муттаҳам буданд, таҳрим ҷорӣ кард. Дар Белорус рӯзи 9-уми август интихоботи президентӣ баргузор шуд. Кумисюни марказии интихобот Лукашенкоро баранда эълон кард, вале мухолифон гуфтанд, ки дар ин маъракаи сиёсӣ тақаллуб шудааст ва натиҷаи онро намепазиранд. Дар ҷараёни эътирозҳо ҳазорон нафар дастгир шуда, бисёре аз раҳбарони мухолифин ба зиндон фиристода шуда ва ё ба тарки ватан маҷбур гардидаанд.
Аврупо ба зидди Лукашенко, писараш ва 13 каси дигар таҳрим ҷорӣ кард
