Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден мардуми Амрикоро ба "оромӣ" даъват кард


Ҷо Байденj
Ҷо Байденj

Ҷо Байден, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико аз Ҳизби демократ мардуми кишварашро ба “оромӣ” даъват кард. Ба оромӣ фаро хондани мардум дар ҳолест, ки шумориши охирин орои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад. Ҷо Байден рӯзи 5-уми ноябр дар як баёнияи расмӣ гуфт, агар ҳамаи орои интихобот шумурда шавад, бидуни шак, ӯ ба рақибаш Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии Амрико пирӯз меояд. Ба Ҷо Байден зарур аст, 270 раъйи ҳайатҳои интихоботӣ аз иёлатҳои гуногуни Амрикоро ба даст биёрад ва ӯ назар ба Доналд Трамп ба ин марра наздиктар шудааст. То кунун Ҷо Байден 253 раъйи ҳайатҳои интихоботӣ ва Доналд Трамп 214 раъйи ҳавзаҳоро ба даст овардаанд. Доналд Трамп дигарбора иддао кард, ки дар интихобот тақаллуб шудааст ва орои мардумро дасткорӣ кардаанд, вале ҳеч далеле барои собит кардани иддаоҳояш наовард.

XS
SM
MD
LG