Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз  марги сокинони мулкӣ мегӯянд. Ҷангҳо идома доранд


5-уми ноябр дар шаҳри Шушии канори Степанкерт дуди таркишҳое ба чашм расид. Қаробоғи Кӯҳӣ
5-уми ноябр дар шаҳри Шушии канори Степанкерт дуди таркишҳое ба чашм расид. Қаробоғи Кӯҳӣ

Шаби гузашта дар Қаробоғи Кӯҳӣ ҷангҳо идома дошт ва ба иттилои мақомоти минтақаи ҷудоиталаб, дар паи тирандозиҳои ҷониби Озарбойҷон дастикам се мулкӣ кушта шуд. Ҷангҳо дар шаҳри Степанакерт - калонтарин шаҳри минтақа ва Шуши – шаҳраки стратегии кӯҳии воқеъ дар 10-километрии ҷануби Степанакерт идома дошт.

Қаробои Кӯҳӣ - минтақае дар ҳудуди Озарбойҷон эътироф шудааст, вале аксар сокинонаш арманитаборҳо буда, ҳукумати Бокуро эътироф намекунанд. Баъди хатми ҷангҳо дар соли 1994, ки боиси кушта шудани ҳазорҳо нафар гардид, қаробоғиҳо ҳукумати худро бо ёрии Арманистон идора мекунанд.
Хадамоти ёрии изтирории Қаробоғи Кӯҳӣ дар изҳороте рӯзи 6-уми ноябр гуфт, ки “дар натиҷаи мушакандозиҳо чанд хонаи сокинони мулкӣ дар Шушӣ ба коми оташ рафт. Инчунин дар пойтахт (шаҳри Степанакерт) ҳам хисорот мушоҳида мешавад. Дар маҳалли ҳодиса нирӯҳои ёрирасон кор мекунанд”.

Як хабарнигори бахши армании Радиои Озодӣ дар Степанакерт тасдиқ кард, ки дар шаҳр се мулкӣ кушта шуда шаби гузашта садои даҳҳо таркиш ба гӯш расид.

Дар ҳамин ҳол Озарбойҷон ҳам дар бораи тирандозиҳо аз ҷониби нирӯҳои Арманистон дар минтақаи аҳолинишин хабар дод. Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 6-уми ноябр гуфт, ки шаҳри Тартар ва деҳоти атроф ҳадафи тирборон қарор гирифтанд.

Ҳарду ҷониб тирбони маконҳои аҳолинишинро рад ва дар бораи ҳодисаҳои субҳ изҳороти мухталиф нашр карданд.
Нирӯҳои Қаробоғи Кӯҳӣ, ки аз ҷониби Арманистон кӯмак мебинанд, иддао карданд, ки дар амри пешгирӣ аз нирӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон дар чандин нуқтаи ҷабҳаи ҷангӣ тавонистанд амалиёти “муассири ҷангӣ” ба роҳ монанд. Озарбойҷон, дар навбати худ, иддао мекунад, ки нирӯҳои мусаллаҳаш дар чандин самт дастболо шуда ва ҷониби Арманистонро водор кард, ки ақибнишинӣ кунад.

Араик Ҳарутюнян, раҳбари Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи 5-уми ноябр гуфт, ки ба Шуши рафт ва дар он ҷо бо ҳомиёни шаҳр “стратегияи муқобила бо душман”-ро баррасӣ кард. Дар ҳоле, ки зоҳиран нирӯҳои озарбойҷонӣ ба шаҳри Шуши наздик мешаванд, Ҳарутюнян гуфт, ки “барои ҳимоят аз ин қалъашаҳр тамоми талошҳои имконпазир ба харҷ дода мешавад”.

Аз 27-уми сентябр, замони шурӯи навбатии даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ то ҳол дар бораи кушта шудани ҳудудан 1000 нафар хабар дода мешавад. Ин низоъ аз назари эҳтимоли ба он ҷалб шудани бозигарони дигари минтақавӣ – Туркияи узви НАТО ва як шарики Озарбойҷон аз сӯ ва Русия, ки бо Арманистон созиши низомӣ дорад, аз сӯи дигар - мавриди нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ шуд. Аз он замон то кунун се талоши оташбасе, ки бо ташаббуси аъзои Гурӯҳи Мински САҲА – Русия, Фаронса ва ИМА роҳандозӣ шуд, натиҷа надод.

Низомиёни Озарбойҷон ва Арманистон иддао карданд, ки ба ҳамдигар зарбаҳои шадиде задаанд. Вале маъмулан хабарҳои санҷидашуда иддаоҳои ҳарду ҷонибро зери суол мебарад ва гоҳо тасдиқ карданашон ҳам душвор аст.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 22-юми октябр гуфт, ки Маскав бовар дорад дар ҷангҳои ахир ҳудудан 5 ҳазор нафар кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG