Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон барои пардохти қарзҳои Чин аз мардум пул ҷамъ мекунанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборов хабар дод, ки барои ҷамъоварии маблағ ва пардохти қарзи давлатии ин кишвар аз Чин ҳисоби махсуси бонкӣ боз мешавад.

Ӯ 4 ноябр дар вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон дар посух ба суолҳо дар бораи қарзҳои хориҷӣ изҳор дошт, "соҳибкорон ва муҳоҷироне, ки ба ман бовар мекунанд, барои пардохти қарз аз Чин ҳисоби махсуси бонкӣ боз менамоянд. Ин масъала дар давоми ду-се ҳафта ҳал мешавад. Мо шаффофияти ҳисобҳоро таъмин мекунем".

Ин дар ҳолест, ки Ҷабборов дар суҳбат бо сокинони ноҳияҳои дигари Қирғизистон гуфта буд, манбаъҳои дохилии ин кишвар барои пардохти қарзҳои хориҷӣ басанда ҳастанд.

Ҷамъоварии маблағ барои пардохти қарзи давлатии Бишкеки расмӣ аз Чинро вакили порлумони Қирғизистон Айнура Олтибоева пешниҳод карда буд. "Мо шароит фароҳам меоварем, ки ин раванд шуруъ ва идома пайдо кунад. Ҳоло чорабиниҳои омодагӣ идома доранд, шароити таъсиси суратҳисоби бонкӣ ҳал шудааст. Баъди гуфтугӯ бо вазорати молия масъалаи кушодани суратҳисобро ҳал мекунем. Раванди ҷамъоварии маблағ шаффоф хоҳад буд", - гуфт Олтинбоева.

Ба иттилои расмӣ, қарзи хориҷии Қирғизистон 4 млрд 169,6 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм 1 млрд 776,29 млн доллар аз Чин аст.

XS
SM
MD
LG