Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Невада мегӯяд, ки то 5-уми ноябр ҳисобу китоби овозҳоро бозмедорад


Ню-Йорк, мардум дар интизори натиҷаҳои интихобот
Ню-Йорк, мардум дар интизори натиҷаҳои интихобот

Иёлати Невада бидуни шарҳу тавзеҳе гуфт, ки то 5-уми ноябр ҷараёни ҳисоби раъйҳои интихобкунандагонро бозмедорад. Дар иёлати Невада шумори овозҳои тарафдорони президент Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден ба ҳам наздик аст. Рӯзи 4-уми ноябр мақомоти иёлати Невада дар Твиттер навиштанд, ки ҳанӯз бояд раъйи мардумро, ки тавассути почта дар рӯзи овоздиҳӣ дастрас шуд ва ҳам то ҳафтаи оянда мерасанд, ҳисоб кунанд. Невада дар қатори Ҷорҷиа, Мичиган, Каролинаи Шимолӣ, Пенсилвания ва Висконсин яке аз шаш иёлат аст, ки дар интихобот натиҷаҳои он ба эътибор гирифта мешавад. Байден бояд ҳадди аққал дар сетои ин иёлот баранда шавад ва ба Трамп пирӯзӣ дар ҳадди аққал чортои ин иёлот зарур аст. Барандаи интихобот ҳанӯз маълум нест. “Ҳисоби раъйҳо дар Невада хеле сахт аст, чунки ҳар як овоздиҳанда раъяшро тавассути почта фиристодааст. Маълум аст, ки ҳама овоз дода наметавонанд”, омадааст дар Твиттери мақомоти интихоботии Невада. Дар заминаи тасмими мақомоти Невада шарҳу ҷузъиёте дода намешавад. Дар номаҳои раъйдиҳандагон, ки тавассути почта дастрас мешаванд, бояд ки санаи ирсоли раъй на дертар аз 3-юми ноябр сабт шуда бошад, вале ин номаҳо метавонанд дертар дастрас шаванд. Иёлати Невадаро доимо тағйирёбанда меноманд ва дар аксари интихоботҳо шурӯъ аз соли 1912 ба истиснои ду дафъа, барандаи интихоботи Невада ғолиби куллии интихоботи кишвар шудааст. Дар овоздиҳии соли 2016 вақте Ҳиллари Клинтон бо беш аз 2 дарсади овозҳо пирӯз шуд, натиҷаҳои ниҳоӣ бо ғалабаи Трамп анҷомид.

XS
SM
MD
LG