Ҷонибҳои даргир дар Озарбойҷону Арманистон рӯзи 4-уми ноябр дар бораи даргириҳои нав дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ хабар дода ҳар тараф иддао кард, ки дар ҷанг дастболо мешавад. Дар паи шаш ҳафта даргириҳои нав дар минтақае, ки се даҳсола пеш ҳам шоҳиди ихтилофҳои мусаллаҳона ва марги ҳазорҳо нафар шудааст, Русия гуфт, ки бояд роҳҳои ба хатми даргириҳо водор кардани тарафҳо андешида шавад. Ҷониби Арманистон рӯзи 4-уми ноябр иддао кард, ки дар як ҳамлаи озарбойҷониҳо барои таҳти назорат гирифтани шаҳри стратегии Шуши дар роҳ ба пойтахт Степанакерт тавонист пирӯзӣ ба даст оварад. Вале ҷониби Озарбойҷон ин иддаоро ба чолиш кашид. Вазорати дифои Озарбойҷон дар Боку гуфт, ки ҷангҳо бо шиддати мухталиф дар чанд шаҳри минтақаи атрофи Қаробоғи Кӯҳӣ, аз ҷумла Тартар, Ағдам ва Мартунӣ идома дорад. Рӯзи 3-юми ноябр вазорати хориҷаи Арманистон нирӯҳои Озарбойҷонро дар он муттаҳам кард, ки муассисаҳои беҳдоштӣ ва мулкиро ҳадаф қарор меиҳад. Ҷониби Озарбойҷон ин иттиҳомотро рад кард, ки махсус зидди афроди мулкӣ оташ мекушояд.
Муовини вазири хориҷаи Русия Андрей Руденко рӯзи 4-уми ноябр гуфт, ки Маскав пешниҳоди Эронро дар бораи хатми низоъ дар Қаробоғ бодиққат мавриди омӯзиш қарор додааст. Рӯзе аз ин пеш вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ки барои барқарории оташбаси давомдор шеваҳои муассири назорат лозим аст. Ба гуфтаи Лавров, ин механизмҳо аз дастгоҳҳои техникӣ, хати телефонии тамоси билофосилаи миёни Бокуву Ереван ва нозирони САҲА ва бо ширкати контингенти низомӣ метавонад бунёд шавад.