Рӯзи 3-юми ноябр дар ИМА мардум на танҳо дар интихоби президентӣ, балки дар интихоботи Сенат ва Маҷлиси намояндагон ҳам иштирок карданд. Натиҷаҳои пешакӣ мегӯяд, ки назорат бар ду курсии муҳими Сенатро ҳарду ҳизб бо ҳам тақсим карданд. Дар Колорадо матбуот навишт, ки демократ Ҷон Ҳиккенлупер, собиқ шаҳрдори Денвер бар номзади ҷумҳурихоҳҳо сенатор Гори Гарднер пирӯз шуд. Дар Алабама собиқ мураббии футбол Томми Тубервайл аз номи ҷумҳурхоҳҳо пирӯз шуд ва Даф Ҷонси демократро мағлуб кард. Пешбинӣ мешуд, ки хатари аз дасти демократҳо рафтани ин курсӣ ҳам вуҷуд дорад. Назорат бар ҳарду палатаи Конгресс барои президенти оянда, ҳар ки набошад, хеле муҳим аст, чунки маҳз ҳамин ниҳоди қонунгузор дар татбиқи қарорҳои президент нақш иҷро мекунад. Давоми ду соли гузашта Трамп дар шароите кор кард, ки Конгресс ду тақсим буд. Дар ҳоле, ки демократҳо аз интихоботи миёндавраии соли 2018 дар Маҷлиси намояндагон аксариятро ташкил медоданд, ҷумҳурихоҳҳо бо бартарии 53 ба 47 вакил Сенатро дар даст доштанд. Сенаторҳои ҷумҳурихоҳ дар маҷмӯъ барои ҳифзи 23 курсӣ ва демократҳо – барои 12 курсӣ мубориза мебаранд. Дар маҷлиси намояндагон барои интихоби ҳамаи 435 вакил ҳар ду сол овоздиҳӣ барпо мешавад. Матбуоти амрикоӣ пешгӯӣ мекунад, ки демократҳо назорати палатаи поёнии маҷлиси Амрикоро ба даст меоранд.