Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА интихоботи президентӣ аз овоздиҳӣ дар соҳилҳои шарқии кишвар шурӯъ шуд


Эдинбург, Оҳайо. 3-юми ноябр

Шаҳрвандони ИМА ба овоздиҳӣ дар яке аз интихоботҳои бисёр муҳими даҳсолаҳои ахири кишвар шурӯъ карданд. Ду номзади довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ аз ҳам тафовути бисёр зиёд доранд ва айни замон, ихтилоф ваё мизони тавофути байни номзадҳо чандон калон нест ва пешгӯӣ мешавад, ки баъди интихобот баҳси ситодҳои интихоботӣ сари дурустии доғ хоҳад шуд. Президенти ҷумҳуриҳох Доналд Трамп, ки бо шеваи махсуси муҳофизакоронааш чор сол пеш вориди Кохи Сафед шуд, дар талоши ҳифзи курсии раёсатҷумҳурӣ барои чор соли дигар аст. Собиқ муовини президент Ҷо Байден, як демократ ва сиёсатмадори собиқадор, тарбиятгирифтаи оилаи коргарҳо бо ваъдаи пирӯз шудан бар вирус мехоҳад дили мардумро ба даст оварад. Овоздиҳӣ соати 7-и субҳ дар тахминан 20 иёлоти ҷойгир дар соҳилҳои шарқии ИМА шурӯъ шуд. Дар 51 аёлати Амрико тафовутҳои вақт вуҷуд дорад, аз ин рӯ, вобаста ба соат овоздиҳӣ дар соатҳои мухталиф шурӯъ мешавад. Вале дар шароити пандемия мақомот қарор карданд, ки овоздиҳӣ тавассути почта ва ҳам ҳузурӣ қабл аз 3-юми ноябр имкон дорад ва то рӯзи асосии интихобот беш аз 99,6 миллион аҳолии кишвар дар интихобот иштирок карданд. Ин омор аллакай рекордӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG