Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трампу Байден дар остонаи интихобот чанд маъракаи таблиғотӣ барпо карданд


Акси сохташуда: аз чам Ҷо Байден, аз рост Доналд Трамп
Акси сохташуда: аз чам Ҷо Байден, аз рост Доналд Трамп

Президент Доналд Трамп ва рақиби демократаш Ҷо Байден рӯзи 2-юми ноябр охирин талоши худро барои ба даст овардани дили раъйдиҳандагон ба харҷ доданд. Пешбинӣ мешавад, ки дар фурсати баъди интихобот ҳам дар бисёр иёлот баҳсу даъвои намояндагони ду маъракаи интихоботӣ идома хоҳад ёфт. Байден рӯзи 2-юми ноябрро аз Оҳайо шурӯъ кард ва дар он ҷо аз мавзӯи калидии маъракаи интихоботиаш – интиқод аз шеваи бархӯрди Трамп бо пандемияи коронавирус сӯҳбат кард. Байден гуфт, “фардо мо имконият дорем, ки ба раёсатҷумҳурие, ки миллатро ду тақсим кард, нуқта гузорем”. Ӯ Трампро “заъиф” ва “шарманда” номид. Байдени 77-сола боқӣ рӯзашро дар Пенсилвания сипарӣ кард. Дар шаҳри Питтсбург ӯ дар паҳлӯи аъзои иттиҳоди синфӣ ва фаъолони ҷомеаи амрикоиҳои африқоитабор раҳпаймоӣ кард ва шомаш ҳамроҳ бо овозхон Леди Гага дар як маъракаи таблиғотии дигар иштирок кард.

Трампи 74-сола дар як рӯз панҷ маърака дошт ва субҳро аз Каролинаи Шимолӣ оғоз бахшид. Ӯ натиҷаҳои пурсишҳои афкори умумро дар бораи пештоз будани Байден рад кард ва гуфт, “овоз додан барои Байден баробар бо он аст, ки ҳукумат таҳти назорати тарафдорони ҷаҳонишавӣ, коммунистҳо, сотсиалистҳо, либералҳои бевиҷдони сарватманд гузарад, ки дар фикри саркӯб, сензура ва муҷозот кардани шумо мебошанд”. Бо ин ки аксар пурсишҳо як андоза пештоз будани Байденро намоиш медиҳанд, боз ҳам дар иёлоти калидии Пенсилвания ва Флорида тафовути миёни ду номзад чандон бузург нест. Трамп натиҷаҳои пурсишҳои афкори умумро “дурӯғ” номид ва ваъда дод, ки “мо дар ниҳоят ғалаба мекунем!”.

XS
SM
MD
LG