Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз мардуми ИМА президенти навро интихоб мекунад


Бо сабаби пандемия дар ИМА нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ чанд рӯз пеш боз шуданд
Бо сабаби пандемия дар ИМА нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ чанд рӯз пеш боз шуданд

Рӯзи 3-юми ноябр раъйдиҳандагон дар ИМА пои сандуқҳои раъй мераванд, то дар яке аз интихоботҳои муҳим дар даҳсолаҳои охир аз ду номзади бо ҳам комилан мухталиф якеро интихоб кунанд. Як номзад - президент Доналд Трамп аст, ки чор соли пеш дар Кохи Сафед бо як шеваи хоси муҳофизакоронааш ҳозир шуд ва дар муқобили ӯ Ҷо Байден қарор дорад, ки демократ ва сиёсатмадори таҷрибадор, аз оилаи коргарон буда, ваъда додааст, “бар вирус пирӯз мешавад” ва кишварро муттаҳид хоҳад кард. Аксари нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар соҳилҳои шарқии кишвар соати 7-и субҳ (17 ба вақти Душанбе) боз мешаванд ва тадриҷан дар иёлоти дигар ҳам, ки фарқи соат доранд, ба кор шурӯъ мекунанд. Дар интихоботи ғайримаъмулии президентии имсола, ки дар фазои пандемияи коронавирус баргузор мешавад, аллакай 97 миллион нафар аз роҳи почта ваё ҳузурӣ дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ овоз додаанд. Мақомот гуфтанд, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бештари коронавирус овоздиҳиро пештар ба роҳ мемонанд. Нозирон мегӯянд, ки барои дарёфти натиҷаҳои ниҳоии овоздиҳӣ фурсати бештар назар ба интихоботҳои гузашта лозим мешавад. Дар овоздиҳии гузашта ҳар номзаде, ки аввал шуда 270 овози интихобкунандаҳоро ба даст меовард, ғолиби интихобот эълон мешуд.

XS
SM
MD
LG