Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи 150-нафарии муҳоҷирони тоҷик аз Қазоқистон ба Тоҷикистон расид


Муҳоҷирон савори чор автобуси ташкилшуда аз ҷониби СБМ ба Тоҷикистон бурда шуданд
Муҳоҷирон савори чор автобуси ташкилшуда аз ҷониби СБМ ба Тоҷикистон бурда шуданд

Гурӯҳи 150-нафараи муҳоҷирони тоҷик шоми 1-уми ноябр аз Қазоқистон ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Ба иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Қазоқистон, ин қишри муҳоҷирон бахусус осебпазир ва эҳтиёҷманд ба ёрӣ мебошанд, чун бо сабаби пандемия ва баста шудани марзҳо дар ҳолати сангини иҷтимоиву маишӣ қарор гирифтаанд.

Дар изҳороти расмии созмон рӯзи 2-юми ноябр омадааст, ки барои интиқоли ин гурӯҳи муҳоҷирон сохторҳои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ва инчунин ҳукуматҳои ин кишварҳо мусоидат кардаанд.

Шакарбек Норматов, раиси созмони “Ҷамъияти тоҷикон”-и воқеъ дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон гуфт, 150 шаҳрванди Тоҷикистон савори чор автобус аз гузаргоҳи Жибек-Жолии Қазоқистон ва вилояти Туркистони Узбекистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Роҳи транзит аз хоки Узбекистон ду соат тӯл кашид ва онҳо шаби 1-уми ноябр ба Тоҷикистон расиданд.

Гузаргоҳи Жибек Жолӣ дар марз бо Узбекистон ҷойгир аст. Аз моҳи март ба ин сӯ бо сабаби пандемия марзҳои кишварҳои ОМ баста аст, аз ин рӯ барои интиқоли муҳоҷирон ризоияти расмии ҳукумати Қазоқистону Узбекистон лозим аст
Гузаргоҳи Жибек Жолӣ дар марз бо Узбекистон ҷойгир аст. Аз моҳи март ба ин сӯ бо сабаби пандемия марзҳои кишварҳои ОМ баста аст, аз ин рӯ барои интиқоли муҳоҷирон ризоияти расмии ҳукумати Қазоқистону Узбекистон лозим аст

СБМ мегӯяд, ки дар шароити пандемияи COVID-19 муҳоҷирони бекормонда ба як қишри осебпазир табдил шудаанд ва дар қиёс бо сокинони маҳаллии кишварҳои кору зист аз ҳимояти камтари ҷомеаву низоми адлия бархурдоранд. “Ба онҳо хатари рӯбарӯ шудан бо муносибати бераҳмона, истисмори кориву қочоқ таҳдид мекунад. Дар ояндаи дур муҳоҷирон ба гурӯҳҳои заъфпазир шомил мешаванд, чун ҷои корӣ кам шуда, имконияти дастрасӣ ба хадамоти иҷтимоиву тиббӣ маҳдуд ва муносибати мардуми маҳаллӣ ба онҳо ҳам гоҳо бад мешавад”, омадааст дар изҳороти масъулини СБМ дар Қазоқистон. Ин созмон мегӯяд, дар оянда ҳам ба ин гурӯҳи муҳоҷирон ёриашро идома медиҳад.

Мақомоти Қазоқистон моҳи сентябр гуфтанд, ки дар давоми панҷ моҳи давраи пандемия ба 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон барои расидан ба ватан дасти ёрӣ дароз кардаанд. Бовар меравад, ки беш аз нисфи онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил додаанд.

Ба иттилои СБМ, ба хотири пешгирӣ аз ҷамъшавии бебандубори муҳоҷирон дар марз бо Узбекистон, бо ёрии ҷамъиятҳои миллии кишварҳояшон дар Қазоқистон, охири ҳар моҳ интиқоли муҳоҷиронро ба Тоҷикистон ташкил мекунанд. Ҳукумати Узбекистон барои боз кардани роҳи транзитӣ ё “долони сабз” мувофиқат кардааст.

XS
SM
MD
LG