Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ раҳбари як гурӯҳи ҷудоиталаб "боздошт" ва ба Эрон интиқол дода шуд


Ҳабиб Осиюд. Акс аз бойгонӣ
Ҳабиб Осиюд. Акс аз бойгонӣ

Раҳбари собиқи гурӯҳи ҷудоиталаби Ҷунбиши муборизаи арабӣ барои озодии Аҳвоз (ASMLA) таҳти шароити номаълум боздошт ва ба Эрон интиқол дода шуд. Ин гурӯҳ, ки ҳамчунин як бахши низомӣ ҳам дорад, аз ҷониби мақомоти Эрон дар ташкили ҳамлаи террористии соли 2018 ба як паради низомие дар шаҳри ҷанубуғарбии Аҳвоз гунаҳгор шудааст. Дар ин ҳодиса 25 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳадафи ин созмон истиқлолталабӣ барои вилояти Хузистон аст, ки аксаран аз арабтаборҳо иборат буда, макони истеҳсоли нафт ба шумор меравад. Матбуоти Эрон бо такя ба телевизиони давлатӣ, ки тавассути Telegram ҳам хабарҳо нашр мекунад, навишт, ки мақомот Ҳабиб Осиюд, инчунин маъруф бо лақаби Ҳабиб Чаобро дар Туркия ҳабс карда ба Теҳрон интиқол доданд. ASMLA гуфт, ки Теҳрон Осиюдро бо роҳи фиреб дар Туркия боздошт ва рабудааст.

Муҷтабо Золнурӣ, раиси Кумитаи амнияти миллии парлумон рӯзи 1-уми ноябр тасдиқ кард, ки Осиюд дар беруни кишвар боздошт ва ба Эрон бурда шуд. Ӯ гуфт, ки ин шахс мавриди бозпурсии нирӯҳои амниятӣ қарор гирифтааст. Золнурӣ ҳабси Осиюдро “муваффақияти калон” барои нирӯҳои амниятии Эрон номид ва гуфт, ки баъди анҷоми тафтишот ин шахс дар баробари додгоҳ ҳозир хоҳад шуд.

Вебсайти марбут ба нирӯҳои муҳофизакори Mashreghnews.ir бо такя ба манобеи беном гуфт, ки Осиюд шаҳрвандии Шведсияро дорад ва ба мақомоти эронӣ “таслим карда шуд”. Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад. Ин хабарро то кунун на Туркия ва на Шведсия шарҳ надодаанд.
Ҳамсари Осиюд – Ҳода Ҳавошимӣ дар сӯҳбат бо ВВС гуфтааст, ки ҳамсараш рӯзи 5-уми октябр вориди Туркия шуд ва баъди он рӯзи 15-уми октябр “нопадид” гашт. Ӯ гуфтааст, ки дар ҳамин рӯз ҳамсараш мебоист ба Шведсия бармегашт. Ҳавошимӣ гуфт, ҳарчанд бо ҳамсараш ҷудо зиндагӣ мекунад, вале бо ӯ иртиботи наздик дорад ва медонад, ки Осиюд ба Туркия бо ҳадафи кор рафта буд. ASMLA иддао кардааст, ки Осиюд рабуда шуд.

Соли 2018 се узви дигари ин созмон дар Дания барои ситоиши ҳамлаҳои Аҳвоз боздошт шуда буданд. Октябри соли 2018 PET - Хадамоти амнияти Дания Эронро барои ташкили сӯиқасд ба ҷони раҳбари ин гурӯҳ дар Дания гунаҳгор кард. Теҳрон ин иттиҳомотро рад карда гуфт, ки ҳадафи ин бадномкуниҳо эҷоди рахна дар равобити Эрон ва Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Солҳои охир чандин фаъоли мухолифони Эрон дар шароити мармуз дар Эрон пайдо шуданд. Яке аз онҳо Ҷамшед Шермаҳд, раҳбари “Тундар” ё Анҷумани шоҳигарии Эрон, як созмони воқеъ дар Калифорния мебошад. Ӯ моҳи августи соли ҷорӣ дар телевизиони давлатии Эрон бо чашмони баста намоиш дода шуд. Писари ӯ баъдан ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падараш дар Дубай буд ва мақомот ӯро дар раҳбарии “амалҳои харобкорона” дар дохили Эрон гунаҳгор карданд.

XS
SM
MD
LG