Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудиятҳои нави давраи пандемия дар Аврупо ва омори ҳамоно баланд дар ИМА


Полиси Берлин назорат мекунад, ки мардум ниқобҳои худро пӯшида гарданд
Полиси Берлин назорат мекунад, ки мардум ниқобҳои худро пӯшида гарданд

Олмон шурӯъ аз 2-юми ноябр қисман маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро шадидтар кард ва дар дигар кишварҳои аврупоӣ бо нигаронӣ аз болоравии омори олудашавиҳову марг бар асари вируси ҳамагир тадбирҳои нави маҳдудкунанда ҷорӣ мешаванд. Дар Аврупо шумори олудашудаҳо аз 10 миллион нафар гузаштааст. Дар ИМА сироятшиноси аршади ҳукуматӣ Энтони Фаучи рӯзҳои истироҳати гузашта гуфт, ки ИМА бояд ба зимистони бисёр сангин омода шавад. Дар мусоҳиба бо нашрияи бонуфузи Washington Post ӯ гуфт, “мо бояд ба дардҳои бештаре омода шавем”. Ин дар ҳолест, ки дар остонаи интихоботи президентии рӯзи 3-юми ноябр президент Доналд Трамп талош дорад амрикоиҳоро мутақоид кунад, ки ин кишвар аз марҳилаи сангини пандемия гузаштааст, дар ҳоле, ки дар кишвар ҳодисаҳои олудашавӣ ҳамоно баланд буда, беморшавии батакрор ҳам ба чашм мерасад. Дар ИМА, ки аз назари пандемия осебдидатарин дар ҷаҳон ба шумор меравад, наздики 231 ҳазор нафар ҷон дода, рӯзи ҳафтум аст, ки шумори олудашавиҳои нави рӯзона дар кишвар тақрибан 87 ҳазор ҳолатро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG