Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Бахталӣ Сабзалиев, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳунарпешаи театру кинои тоҷик Бахталӣ Сабзалиев дар Душанбе дар 87-солагӣ даргузашт. Маҳина Сабзалиева, духтари ҳунарпеша ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падараш рӯзи 16-уми октябр дар ҳалқаи хонавода, аз ҷумла ҳамсараш овозхони маъруф Нуқра Раҳматова даргузашт.

Бахталӣ Сабзалиев, зодаи ноҳияи Рӯшон, хатмкардаи Донишгоҳи театрии ба номи М.Шепкини Маскав (соли 1958) қариб тамоми умр дар театри академию драмавии ба номи Лоҳутӣ кор кардааст. Шералӣ Абулқайсов, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик дар ёдоварӣ аз корномаи ин ҳунарпеша мегӯяд, солҳои шӯравӣ тамошобинони театр Сабзалиевро аз рӯи нақшҳояш дар чандин намоишномаҳои маъруф, аз ҷумла, нақши Жанд дар намоишномаи «Рустаму Сӯҳроб»-и Ғанӣ Абдулло, Балъамӣ дар намоишномаи «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода ёд доранд. Сабзалиев инчунин дар филмҳои мисли «Ман бо духтаре вохӯрдам» ва «Ливои оҳангар» нақш бозӣ кардааст.

Бахталӣ Сабзалиев дар ҷавониҳояш
Бахталӣ Сабзалиев дар ҷавониҳояш

Нуқра Раҳматова баъдан дар як мусоҳибааш бо нашрияи «Фараж» нақл кард, ки бо ҳамсараш бори аввал дар наворбардории филми Борис Кимёгаров «Ливои оҳангар» шинос шуда, дертар арӯсӣ карданд. Се фарзанди ин ҳунармандон ҳама дар соҳаҳои дур аз ҳунару театр касбу кор ихтиёр кардаанд.

Шералӣ Абулқайсов дар сӯгномааш гуфтааст, дар чанд моҳи охир театри тоҷик аз чандин ҳунарманди маъруф, аз ҷумла Хайрӣ Назарова, Мавлуда Обидова, Исо Абдурашидов, Саврӣ Сабзалиева, Аҳмадшо Улфатшоев маҳрум шуд ва даргузашти ин ҳамкасбон аз бемории ҳамагири COVID-19 Бахталӣ Сабзалиевро ҳам сахт анӯҳгин карда буд. Наздикон сабаби марги ҳунарпешаро ба солхӯрдагиву дарди давомдори меъда рабт медиҳанд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам дар вебсайташ ба аҳли фарҳангу ҳунар нисбати даргузашти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бахталӣ Сабзалиев тасаллият баён кардааст.

XS
SM
MD
LG