Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар донишгоҳи Кобул. Полис муассисаро иҳота кардааст


Синфхонае дар донишгоҳи Кобул

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки дар паи тирпаронии субҳи 2-юми ноябр дар донишгоҳи Кобул ходимони амниятӣ муассисаи таълимиро иҳота кардаанд. Ториқ Ориён, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки тирпаронӣ ҳоло ҳам идома дорад, вале феълан маълум нест, ки оё дар ин ҳодиса касе осеб дид ё на. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон даст доштани ин гурӯҳи шӯриширо дар ҳамлаи имрӯза рад кард.

Ҳомид Убайдӣ, сухангӯи вазорати таълимоти олии Афғонистон гуфт, ки донишҷӯён аз дохили бино берун бурда шуданд, вале садои тирандозӣ дар дохили бинои донишгоҳ ҳамоно ба гӯш мерасад. Феълан ҳеҷ тафсилоте дар даст нест, вале гуфта мешавад, ки қарор буд дар дохили донишгоҳ намоишгоҳи “Китоби Эрон” баргузор мегардид ва чандин мақомдори калони ҳукуматро барои ширкат дар ин маросим интизор буданд. Соли гузашта дар як таркиши бомба дар беруни дарвозаи донишгоҳ 8 нафар кушта шуд. Соли 2016 ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба Донишгоҳи амрикоии Кобул боиси ҳалокати 13 нафар гардид. Моҳи гузашта гурӯҳи “Давлати исломӣ” як маргталабро ба як маркази омӯзишии воқеъ дар маҳаллаи аксар шианишини Дашти Барчӣ фиристод ва дар ин ҳодиса 24 донишҷӯ ҷони худро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG