Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато тазоҳуроти мухолифон бо талаби ислоҳот баргузор шуд


Тазоҳуроти мухолифон дар Алмато, 31 октябр, 2020.

Рӯзи 31-уми октябр дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҳамоиши эътирозии мухолифон бо талаби ислоҳоти сиёсӣ ва қатъи таъқибҳои сиёсӣ баргузор шуд.

Созмондиҳандагон дар дақиқаҳои аввали тазоҳурот номи онҳоеро хонданд, ки дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон мавриди таъқиб қарор гирифта, боздошт, шиканҷа, зиндонӣ шуданд ё дар ҳолатҳои мармуз ба боздоштгоҳу зиндонҳо ҷон бохтанд.

Тазоҳурот дар назди бинои Академияи илмҳои Алмато, дар рӯбарӯи гулгашти ба номи Шокан Уалихонов барпо гашт. Дар дасти бештари ҷамъомадагон парчами Қазоқистон ва акси онҳое буд, ки ба гуфтаи фаъолон, бо ангезаҳои сиёсӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Раиси Бунёди парламентаризм дар Қазоқистон Зауереш Батталов ҳангоми суханронӣ хост, дар он кишвар порлумони якпалатаӣ таъсис ва имкони пешбарии номзадҳои ғайриҳизбӣ дода шавад. Рӯзноманигори қазоқ Ермурат Бапӣ ба ислоҳоти пурраи Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон, ки раҳбари якумрии он президенти пешин Нурсултон Назарбоев аст, даъват кард.

Иқдисодшиноси қазоқ Айман Турсинкан сокинони ин кишварро даъват кард, ки дар назорати интихоботи порлумонӣ фаъолона ширкат варзанд.

Баргузории тазоҳуроти мазкур дар ҳолест, ки пештар фаъолони қазоқ гуфтанд, дар арафаи барпо гаштани он мавриди фишору таъқиб қарор доранд. Ҳарчанд мақомоти Алмато ба баргузории он аллакай иҷозат дода буданд, вале манзили зисти даҳҳо фаъоли маданӣ бозҷӯӣ ва дасти кам ду тани дигар Аскар Каирбек 15 рӯз ва модари серфарзанд Фирӯза Ордабековаро 10 рӯз ҳабси маъмурӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG