Озарбойҷон ба ҷониби Арманистон ҷасади 29 низомии куштшуда дар ҷангҳои Қаробоғи Кӯҳиро таслим кард. Дар паи мавҷи нави задухӯрдҳо дар ин минтақаи ҷудоиталаб талафоти инсонӣ афзоиш меёбад. Интиқоли ҷасадҳоро ҳам Боку ва ҳам Ереван тасдиқ карда баробар бо ин бори дигар ҳамдигарро дар нақзи оташбаси бо миёнҷигии ИМА ҳосилшуда гунаҳгор карданд. Шушан Степанян, сухангӯи вазорати дифои Арманистон гуфт, ки интиқоли ҷасадҳо бо миёнҷигии Федератсияи Русия ва бо кӯмаки кормандони САҲА ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх имконпазир шуд. Степанян гуфт, ки Арманистон омодагиашро барои таслими ҷасади низомиёни озарбойҷонӣ дар қаламрави Артсах (исми армании Қаробоғи Кӯҳӣ) баён мекунад.
Ҳикмат Ҳоҷиев, як ёвари президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба журналистони хориҷӣ гуфт, ки таслими ҷасадҳо бо ташаббуси Боку ва ёрии Русия имконпазир шуд.