Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмҳои мутафовити Доналд Трамп ва Ҷо Байден ба овоздиҳандагон


Пурсишҳои афкори умум маҳбубияти Байденро назар ба Трамп як каме болотар нишон медиҳанд
Пурсишҳои афкори умум маҳбубияти Байденро назар ба Трамп як каме болотар нишон медиҳанд

Президенти ИМА Доналд Трамп ва номзад аз ҳизби демократ Ҷо Байден дар маъракаҳои интихоботӣ, ки рӯзи 29-уми октябр дар Флорида доир шуд дар бораи пандемияи короновирус паёмҳои комилан мухолифи ҳам доданд. Ҳазорон нафар аз ҷонибдорони Доналд Трамп дар шаҳри Тампаи Флорида дар маъракаи тарғиботӣ, ки дар фазои бозе ташкил шуда буд, ҷамъ омаданд ва аксари онҳо ниқоб надоштанд. Чанд соат баъд Байден ҳам дар ин шаҳр маъракаи пешазинтихоботии худро доир кард, ки дар он одамон аз дохил ва ё назди дари мошинҳои худ истода ширкат карданд ва бастани ниқоб аз онҳо тақозо мешуд. Маъракаҳои ду номзад дар Флорида 5 рӯз қабл аз интихоботи президентӣ на танҳо ду усули мутавофити маъракаҳои тарғиботиро аён кард, балки муҳим будани аёлати Флоридаро низ ба намоиш гузошт, ки ҳарду номзад онро барои соҳиб шудан ба курсӣ дар Қасри сафед фавқулодда муҳим медонанд.

XS
SM
MD
LG