Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҳади ақал 3 нафар дар ҳамла бо корд дар шаҳри Ниси Фаронса


Расонаҳо дар Фаронса ба нақл аз мақомоти расмӣ аз рух додани як ҳамлаи дигар бо "силоҳи сард" дар шаҳри Нис дар рӯзи панҷшанбеи 29-уми октябр хабар доданд. Ин ҳамла бо корд дар калисои Нотр-Дами шаҳри Нис "ё наздикии он" рух додааст. Бар асари он се нафар кушта ва чандин тани захмӣ шудаанд.

Ҳанӯз шахсияти фарди ҳамлакунанда ва сабабҳои ҳодиса ба таври расмӣ эълон нашудааст. Аммо шаҳрдори Нис дар "Твиттер"-и худ ангезаи ҳамларо "террористӣ" хондааст. Ӯ хабар додааст, ки ҳамлавар боздошт шуда, бинобар захмӣ шудан, ба бемористон интиқол ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузориҳо, вазири умури дохилии Фаронса нишасти изтирорӣ баргузор карда, аз ҳама мардум хостааст, ки аз наздик шудан ба ҷойи ҳодиса худдорӣ кунанд.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳудуди 10 рӯз қабл Самуэл Пати, устоди 47-солаи фанни таърих ва ҷуғрофия дар Фаронса, баъд аз намоиши карикатура ё тасвирҳои танзомези пайғомбар Муҳаммад ба шогирдонаш, дар канори шаҳри Порис кушта шуд. Мақомоти Фаронса рӯзи 17-уми октябр гуфтанд, ки ҳамлавар ҷавони 18-солаи чечен аз шаҳри Маскав аст ва ҳангоми амалиёт ба ҳалокат расид.

Ин масъала вокунишҳои ҷаҳониро дар пай дошт. Раиси ҷумҳури Фаронса дар Твиттер рӯзи 25-уми октябр навишт, "мо ҳаргиз таслим нахоҳем шуд. Мо суханони тавҳиномезро қабул надорем ва аз баҳси мантиқӣ дифоъ мекунем".

Изҳороти раиси ҷумҳури Фаронса дар шуморе аз кишварҳои исломӣ бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шуд. Покистон рӯзи 26-уми октябр аз "маъракаи исломситезӣ" дар Аврупо эътироз кард, Эрон Порисро ба рӯған андохтан ба оташи "экстремизм" муттаҳам намуд ва раиси ҷумҳури Туркия ба таҳрими маҳсулоти фаронсавӣ даъват кард.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG