Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти пешини Қирғизистонро ба зиндон бурданд


Алмозбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон.
Алмозбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро, ки 11 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, ба зиндони рақами №47 интиқол доданд. Ӯ то ҳол дар яке аз боздоштгоҳҳои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешуд.

Чанде пеш вакили дифои ӯ Замира Жоошева хабар дод, ки Отамбоев дар боздоштгоҳ гуруснашинӣ эълом кард. Ба гуфтаи вай, президенти пешинро дар таҳхонаи боздоштгоҳ - ҷое ки пештар маҳкумшудаҳо ба қатлро нигаҳ медоштанд - нигаҳдорӣ мекунанд. Вакили мудофеъ гуфта буд, он макон шароити бад дорад ва сиҳатии Отамбоев нохуб шудааст.

Вале Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон гуфт, ки Отамбоев дар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ба боздоштгоҳ интиқол ёфтааст ва шароити макони нигаҳдории президенти пешин мувофиқ ба талабот аст.

Рӯзҳои 7-8 августи соли гузашта дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи задухӯрди нерӯҳои пулис бо ҷонибдорони Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Отамбоев дар солҳои 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. Моҳи июли соли ҷорӣ ӯро бо айби фасодкорӣ 11 сол зиндонӣ карданд. Шаби 6 октябр дар натиҷаи эътирозҳои оммавӣ Отамбоев аз маҳбаси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод шуд. Баъди чанд рӯз ӯро дубора боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG