Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи хоҳишмандони бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон "кам шудааст"? ВИДЕО


Навбатпоии муҳоҷирон барои номнавис кардан дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав. Моҳи июли 2020
Навбатпоии муҳоҷирон барои номнавис кардан дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав. Моҳи июли 2020

Сафири Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шумораи хоҳишмандони бозгашт аз Русия ба ватан кам шудааст.

Имомуддин Сатторӣ гуфт, дар сурати боз ҳам коҳиш ёфтани хоҳишмандони бозгашт, сабти номи пешакии мусофиронро аз байн мебаранд ва билетҳоро озод дар фурӯш мегузоранд.

Ҳоло муҳоҷирон барои гирифтани билети бозгашт худро дар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия сабт карда, то расидани навбат мунтазир меистанд. Маълум нест, шумори талабгорони бозагшт ба ватан воқеан кам шудааст ва ё муҳоҷирон барои харидани билет пули кофӣ надоранд.

Тибқи ҷадвали Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳар рӯз аз шаҳрҳои Русия ба Душанбе панҷ парвоз анҷом дода мешавад.

Баъзе аз муҳоҷирон аз нархи гарони билети парвозҳои чартерӣ ва шеваи дастрас кардани он шикоят доранд. Баъзеҳо ба ин пиндоранд, ки зоҳиран мақомоти Тоҷикистон моил нестанд, парвозҳои маъмулӣ бо Русия барқарор шавад, чун ҳоло қимати билет гаронтар аст.

Парвозҳои чартерӣ танҳо тавассути ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” анҷом мегиранд. Бино ба санадҳои расмӣ, ин ширкат соли 2002 ташкил шуда, муассисаш "СДХ ИНВЕСТМЕНТС КОРП" (CDH Investment Corporation) зикр шудааст ва он яке аз шарикони корхонаи алюминиюми тоҷик буд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторӣ гуфт, онҳо хоҳони ҳарчӣ зуд аз сар гирифтани парвозҳои маъмулӣ ҳастанд. "Мо аз моҳи июл омода будем, ки ҳарими ҳавоиро боз кунем. Он гапҳое, ки мегӯянд, гуё мо парвозҳои чартериро мехоста бошем ва ин парвозҳо фоидаи зиёд меоранд, гапи ношуданӣ аст, абсурд аст. Вақте парвозҳои дуҷониба барқарор мешавад, ин барои мо хуб аст, барои ҳама хуб аст", -- иброз дошт Сатторӣ.

Ба қавли сафир, аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам ба майли Русия ва вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар вобаста аст.

"Росавиатсия" дар оғози моҳи октябр ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия барои анҷоми парвозҳо ба 24 кишвар, аз ҷумла чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ иҷозат дод, вале дар ин қатор номи Тоҷикистон ворид нашудааст.

Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Русия бинобар густариши бемории коронавирус аз 20-уми марти имсол қатъ карда шуд.

Бино ба маълумоти расмӣ, аз он вақт то кунун тавассути парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон 70 ҳазор нафар бозгаштаанд.

XS
SM
MD
LG