Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири пешини Қирғизистон дар пайгарди байнидавлатӣ қарор гирифт


Сафар Исҳоқов, сарвазири пешини Қирғизистон.
Сафар Исҳоқов, сарвазири пешини Қирғизистон.

Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон хабар медиҳад, ки сарвазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқов дар пайгарди байнидавлатӣ эълом шудааст.

Ин хадамот иттилоъ надорад, ки оё Исҳоқов кишварро тарк кардааст ё на. Ба иттилои расонаҳо, муҳлати дар озодӣ будани Исҳоқов ҳанӯз 12 октябр ба поён расида буд, вале вай ба маҳбас барнагашт.

Моҳи июни соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Исҳоқовро дар фасодкорӣ ҳангоми сохтани Осорхонаи таърихӣ ва ипподром дар шаҳри Чолпон-Ота айбдор ва 18 сол зиндонӣ кард. Декабри соли 2019 додгоҳ ӯро бо айби фасодкорӣ ҳангоми азнавсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек 15 сол зиндонӣ карда буд.

Шаби 6 октябр дар натиҷаи эътирозҳои мардумӣ Исҳоқов барои ҳафт рӯз аз маҳбас озод карда шуд.

Исҳоқов дар солҳои 2017-2018 сарвазири Қирғизистон буд.

XS
SM
MD
LG