Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори маҷруҳи Радиои Озодӣ дар Қазоқистон аз ташхиси тиббӣ мегузарад


Сония Тойкен, хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, соли 2017
Сония Тойкен, хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, соли 2017



Сония Тойкен, хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ки аз сӯи пулис маҷруҳ карда шуд, рӯзи 26 октябр аз ташхиси судиву тиббӣ мегузарад. Ин хабарнигор ҳангоми инъикоси гирдиҳамоии осоиштаи сокинони шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи шанбеи гузашта мавриди ҳамла қарор гирифт.

Тойкен тасмим дорад, аз рӯи ҳодисаи расонидани ҷароҳати вазнин, монеъ шудан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ, берун рафтан аз ваколатҳои хизматӣ аз сӯи пулис, ба додситонӣ шикоят барад.

Рӯзи шанбеи гузашта пулис ҳангоми баргузории гирдиҳамоии сокинони шаҳри Нурсултон Сония Тойкенро ба замин хобонида, талош кард, ки телефонашро бигирад. Рӯзноманигор худро муаррифӣ кард, аммо пулис бо вуҷуди ин ӯро ба автобус бурданд ва танҳо баъди чанде раҳо карданд.

Эътилофи рӯзноманигорони баробарҳуқуқи Қазоқистон дар робита ба ин ҳодиса изҳорот нашр ва аз Сония Тойкен ҳимоят кард.

XS
SM
MD
LG