Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи корпартоӣ дар бархе корхонаҳои истеҳсоливу донишгоҳҳои Беларус


26-уми октябр, Минск
26-уми октябр, Минск

Дар як қатор корхонаҳои азими истеҳсолии Беларус рӯзи 26-уми октябр корпартоии эътирозӣ шурӯъ шуд ва донишҷӯён ҳам барои ширкат дар эътирозҳо ба хиёбонҳо баромаданд. Рӯзи душанбе аввалин рӯзи корпартоии миллӣ буд, ки онро мухолифон эълон карданд, ҳадафашон ба истеъфо фиристодани Александр Лукашенко мебошад. То ҳол мушаххасан маълум нест, ки оё кадом корхонае корашро қатъ кардааст ё на, вале мақомот мегӯянд, ки ҳама корхонаҳо аз рӯи нақша корро идома медиҳанд. Аз рӯи иттилои дастрас, дар чанд корхонаи Минск ва шаҳрҳои дигар коргарон дар долонҳо ҷамъ шуда бо даъвати корпартоӣ раҳпаймоӣ кардаанд. Телеграм-каналҳои мухолифон дар бораи ширкати қисме аз кормандони бархе корхонаҳо хабар медиҳанд. Дар корхонаи "Гродно-Азот" тахминан 100 коргар нахост навбати кори худро шурӯъ кунад. Онҳо дар даромадгоҳи корхона эътироз карданд ва чанд нафарашон боздошт гардиданд. Эътирозҳо дар корхонаҳои тракторсозии Минск, заводи электротехникии Минск, корхонаи чархбарории Минск ва "Беларускалий" баргузор шуд. Донишҷӯёни чандин мактаби олӣ ҳам даст ба эътироз задаанд.

Мухолифон ва садҳо ҳазор сокини Беларус, ки интихоботи президентии 9-уми августро ба фоидаи Лукашенко тақаллубшуда меноманд, ба истеъфои раҳбари худкома ва баргузории интихоботи нави озоду одилона даъват мекунанд.

XS
SM
MD
LG