Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бемори нав нест". Мелбурн баъди чор моҳ аз маҳдудиятҳои пандемия раҳо мешавад


4-уми август. Як хиёбони тиҷоратии Мелбурн дар давраи пандемияву маҳдудиятҳо
4-уми август. Як хиёбони тиҷоратии Мелбурн дар давраи пандемияву маҳдудиятҳо

Дар ҳоле, ки дар Аврупо авҷи паҳншавии коронавирус мояи нигарониву тадбирҳои нави маҳдудкунанда шудааст, дар шаҳри Мелбурни Австралия мақомот рӯзи 26-уми октябр гуфтанд, ки ҳеҷ як ҳодисаи нави олудашавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ин шаҳри дуюмини Австралия давоми чор моҳи гузашта яке аз нуқтаҳои доғи пандемия ба шумор мерафт. Раиси аёлати Виктория, ки Мелбурн ба ҳудудҳои маъмурии он дохил мешавад, амр дод, ки аз шаби 27-уми октябр дар ин кишвар иҷозаи боз шудани ҳама фурӯшгоҳҳо, тарабхонаву кафеву барҳо дода шавад. Баъди 9-уми ноябр манъи сафари сокинони Мелбурн ба 25 км дуртар аз маҳалли зисташон бекор мешавад. Инчунин ба онҳо иҷоза дода мешавад, ки ба қисматҳои дигари аёлат сафар кунанд. Мелбурн аз моҳи июл ба ин сӯ дар ҳолати маҳдудияти бисёр сахт қарор дошт.

Дар ҳамин ҳол дар Испания шурӯъ аз 25-уми октябр ҳолати изтирорӣ ва қуюди шабгардӣ ҷорӣ шудааст, то ки пандемия бештар таҳти назорат гирифта шавад. Қуюди шабгардӣ аз соати 11-и шаб то 6-и субҳ амал мекунад. Дар Итолиё ҳам маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуд.

Дар Фаронса рекорди нави олудашавиҳои рӯзона ба қайд гирифта шуд ва дар рӯзи 25-уми октябр дар бораи бемор шудани 52 ҳазору 10 нафар хабар расид. Рӯзе аз он пеш дар Фаронса 45 ҳазор нафар дар як рӯз ба коронавирус гирифтор шуда буд.

XS
SM
MD
LG